Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Намедонам... Бачаи нағз менамуд.
  • Ҳоло чӣ, ганда шудааст?
  • Не-е, ҳамон хел ки буд... Мулоим, сараш мудом паст.
  • Аммо сари ту мудом баланд, - бори чандум аст, ки сабук механдад Шаҳзода. Ва ин ханда бо вуҷуди садои форамаш як навъ маломати пинҳон дорад.
  • Ман муттаҳам нестам...
  • Икром чӣ?
  • Муттаҳам набошад ҳам, вай бояд изо некашид. Нисфи пули ҳамин хонаро раҳматӣ модарам дода буд. Харҷи дирӯза таъмираш низ аз кисаи бародарам, хоҳарам...
  • Ҳеҷ қисса не, инро хешутаборӣ мегӯянд. Шавҳарат ягон вақт бармегардонад. Намегурехтагист.
  • Барнагардонад. Зор нестанд онҳо ба пули вай.
  • Пас чӣ кор кунад?
  • Оби шикамашро ҷунбонад.
  • Мегуфтӣ, ки ҳар моҳ, камаш, сесад-чорсад сомонӣ меёбад. Боз чӣ хел оби шикам ҷунбонад?
  • Мошин харад...
  • Бе мошин рӯзатон намегузарад?
  • Мегузараду шавҳари ҳама дугонаҳоям мошин доранд. Ман аз онҳо кам набошам...
  • Бисёранд?
  • Киҳо? – намефаҳмад Ситора.
  • Номашон дугона... – мегӯяд Шаҳзода.
  • Худоро шукр, ҳастанд даҳ-дувоздаҳта.
  • Ваҳ! Чандон фоли хуб нест ин. Боз кӣ медонад?!
  • Чаро хуб набошад? Худо аз дугона диҳад, –
пешина
аз 93
навбатӣ