Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Инаш дар ихтиёри худат.
— Баъд... вай, охир, мард аст! Дигарон аз куҷо қатор-қатор хона мехаранд, ҳавлӣ месозанд, мошинҳои нағз-нағзии хориҷӣ доранд? Вай ҳам тозад, безад, ёбад... Нанемурдагист.
— Ҳар чӣ бошад, иттифоқ кунед. Беҳтарин давлат аст якдигарро наранҷонда, орому осуда умр ба сар бурдан. Ё нодуруст мегӯям?
— Ман ӯро наранҷондаам. Фақат мехоҳам, ки шарманда шуда нагардем дар байни мардум. Ҳеҷ натавонад, зудтар дасти бачаҳояшро ҳалол кунад; баъд, ана, ягонта мошин харад. Шон кай пули калон меёбад гуфта, ду чашмам чор, ҳамин хел даҳанвоз шинам?! Ғайр аз ин, оё бад аст, одам агар дар пеши дӯсту душманаш сарбаланд бошад, бо забони дароз гардад?
— Надонистам... — мегӯяд Шаҳзода хаёлманд ва ба рӯи вай маънидор назар давонда, даме сукут меварзад. Пас хушнуд ба забон меорад: — Воқеан, дирӯз Ратмир омада буд.
— Ратмираш кӣ? — мепурсад Ситора ба оҳанге ки гӯё як қад парида, аз хоби бисмил бедор шудааст.
— Аллакай фаромӯш кардӣ?
— Рост мегӯям, охир, — намедонам...
— Ҳамон Ратмир Александрович, ки хонаашро харидед, — дастони зебо ва беғубори то соидҳо урёнашро кушода, ба чор тараф хандон ишора мекунад Шаҳзода.
— О дар вақташ он майор кӯчида, Русия рафта буд. Панҷ сол мешавад, балки зиёдтар...
— Ҳоло полковник. Чанд рӯз пеш ба сафари хизматӣ омада, дилаш кашидааст, ки фурсат ёфта, моро низ бинад, камтар сӯҳбат кунад. Беш аз даҳ сол ба вай ҳамсоя будем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё