Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Баъд як даҳан хабар надодӣ? — хотираш қадре озурда, гилаомез мегӯяд Ситора.

— Дукаса даратро задем. Аммо садое набаромад аз дарун... — банамак табассум мекунад Шаҳзода.

— Кай?

— Ҳамин дирӯз, шомгоҳ.

— Аз лиқои хешу табори Икром сер шуда, ахир бачаҳоро гирифта, хонаи бародарам рафта будам... Афсӯс, надидамаш.

— Киро? — гӯё нафаҳмида бошад, бардурӯғ мепурсад Шаҳзода.

— Ҳамон мардаки русро... — механдад Ситора.

— Ҳа-а-а, — мад мекашад Шаҳзода. — Ба ту салом гуфт.

— Ташаккур. Зиндагии онҳо, албатта, нағз. Мо барин шабу рӯз мӯҳтоҷи пул нестанд.

— Чаро? Ману акаат бо вай хеле сӯҳбат доштем. Дар сари як пиёла чой гуна-гуна мисолҳо оварда, таъкид мекард, ки ба одамони ҳалол дар Русия низ серупур рӯз гузарондан мушкил аст. Боз ҳамон сарфаву саришта лозим.

— Хайр, ба ту ягон чиз овард? Лекин росташро гӯй, апа...

— Овард. Ё шарт пинҳон кардан?

Ситора суоли ӯро беҷавоб гузошта, ҷиддан мепурсад:

— Хайр, чӣ будааст вай?

— Хаёлат дур наравад, — ҳамчунон ба лабханди ширин мегӯяд Шаҳзода. — Китоб...

— Чӣ-й?! — гӯё мот мешавад Ситора.

— Як китоби оличаноб.

— Хуб ҳиммати баланд доштааст!

— Ҳар чӣ бошад, барои ман беҳтарин тӯҳфа китоб аст.

пешина
аз 93
навбатӣ