Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Вақте ки аз дарвозаи бозор берун мешуд, нохост чанд калимаи, ба хаёлаш, борҳо шунидаашро боз... гӯё аз дуриҳо шунида, беихтиёр истод.
— Ман бисёр хоб мебинам, — риши сап-сафедашро хилол карда, андешаманд мегуфт мӯйсафеде ба мӯйсафеди дигар. — Лекин аҷиб, ки ҳамеша кӯдакиамро хоб мебинам...
Вай даступо хӯрд. Ва аз он ду нафар чашм канда, зуд қадам бардошт.
Охир, ғалат карда буд!
Вай ин чанд калимаи шиносро ҳеҷ гоҳ нашунидааст, балки аз дил мегузаронд. Худаш...
Ва ана, ҳаво гарм, хаёлаш аз нав парешон гардид.
...Ҳавлии онҳо дар канори деҳа воқеъ буд. Падараш деҳқонӣ мекард, — аз ин рӯ боғи сарсабзе доштанд.
Вай дар оила бачаи беқарор, гарданшах ва бисёр шум ҳисоб меёфт. Қариб ҳар рӯз ягон «кори нораво» карда, аз димоғи падару модар дуд мебаровард. Махсусан хоҳарашро, ки аз ӯ ҳафт сол калон буд, сахт азоб медод. Ҳафтае набуд... «нахустфарзанди модар»-ро ранҷонда, сабабгори оби дидааш нашавад. Онҳо ба ҳам то андозае душманӣ доштанд, ки пас аз талошу пархош рӯзҳои дароз ногап мегаштанд. Ва ҳар бор онҳоро падару модар ба сад азоб оштӣ медоданд.
Вай, ки ҳоло чилсола аст, нағз дар хотир дорад: ду сутуни пешайвони хонаашон каҷ буд. Ҳангоме хоҳарашро меранҷонд, ӯ аксаран ба яке аз ҳамон ду сутун такя оварда, талх мегирист.
Хоҳараш инак гирифтори шавҳари бадмасту фарзандони бемор аст; мӯяш сафед, рӯяш пурожанг...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё