Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
барӣ, ҷавҳари олами ҳастиашонро дарёбӣ.
Чунин тасмим душвор аст, албатта. Чӣ тавре гуфтам, пеш аз ҳама вақти фаровон металабад. Кӯлли ташвиши худро, фароғат ё машғулияти рӯзмарраи худро як тараф монда, танҳо аз паи ҳамин мақсад гаштан лозим меояд. Ба ду бору се бор аз Норак хабар гирифта омадан кас наметавонад набзи дигаргуниҳои онро нек эҳсос кунад. Тифоқо эҳсос кунад ҳам, рӯякӣ хоҳад буд... Қариб номумкин аст ба як-ду сӯҳбат аз мароми бунёдгузорони чунин неругоҳ таассуроти амиқ бардоштан. Рафту кас таассуроташро басанда пиндорад ҳам, рӯзе мефаҳмад, ки саҳл гирифта будааст дарки рангҳои зиндагиро!
Ман аз барои муддати дароз ба Норак рафтан шароит надорам. Ростӣ, ба сафари дубораву себора низ чандон майлам нест. Бинобар ин вобаста аз хизмат дар маҷалла ошноии худро ба таку тирези сохтмони он неругоҳи азим иҷмолӣ, ҳатто як ноомади кор, як бебарорӣ дониста, ба ҳар ҳол, ҳамин чанд саҳифаро фикра-фикра сиёҳ кардам. Ба сифати нахустин таассурот, қайдҳои сафар ё ҳикояте аз он чи камобеш дар бадали ду шабонарӯз дидаам, шунидаам...
1972, 2002
ПАНҶ ҲОЛАТ
Ҳаво ниҳоят гарм буд. Баъди кор... сари роҳ ба бозор даромада, вай як тарбузи калон харид, ки хона бурда, соате дар ҷӯи обаш сард нигоҳ дошта, бегоҳ бо зану бачааш кушта хӯраду...
Тафси дилашро паст кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё