Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Заҳматписандиаш буд, ки дастаи мо оқибат сазовори эҳтиром гардид. Ман аз Файзулло фахр мекунам. Чунки одами наҷиб аст, инсонест, ки як пора нонашро бо дигарон баҳам мебинад. Дар ҳолатҳои душвортарин низ афтодарӯҳ нашуда, ба иродаи худ бештар об медиҳад, ба дӯстонаш болу пар мебахшад... Боз чӣ гӯям?
мулоим хандид Женя.

Офаринаш бод!
Аз нақли ӯ, ниҳоят, аз ихлоси ӯ ба рафиқаш мутаассир шудам ман.
Вақте ки аз ҷой хеста, хайрухуш мекард:
— Агар метавонед, ҳатман боз биёед, — гуфт Батурин. — Ба Файзулло худатон ҳамсӯҳбат шавед, аз зисту зиндагиаш огоҳӣ ёбед. Пас мефаҳмед, ки вай чӣ ҷавони яклухт аст...

Ман ҳамон рӯз савори автобус ба Душанбе баргаштам. Ва дар бадали қариб як ҳафта зуд-зуд хаёлам ба Норак рафта, симои одамонеро, ки ба онҳо ҳамсӯҳбат шуда будам, пеши назар оварда, инчунин гоҳо дафтари таассуротамро варақ зада, ба хулоса омадам, — наметавонам аз сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак очерки хонданбоб нависам. Сабабаш ман он мардистонро ҳанӯз бояду шояд наомӯхтаам.

Воқеан, омӯхтан ҳам амри саҳл нест. Ба хӯю
хислати бинокорон низ ошно шуда, чеҳраи
ҳақиқӣ, заҳмат ва табиати ин ё он шахсро равшан ба рӯи қоғаз овардан дар радифи истеъдод
сараввал фурсат мехоҳад, таҳқиқ металабад. Лозим аст, ки як муддати муайян дар миёни чӯши
корҳо рӯз гузаронӣ, дар паҳлуяшон меҳнат карда, ба мардум ҳамдаму ҳамтабақ бошӣ. Зиёда аз
ин, то метавонӣ, ба дунёи ботинии онҳо сар фурӯ

пешина
аз 93
навбатӣ