Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Ки як экскаватори нав зимистони дароз дар саҳрои кушод зери барфу борон монда, баъзе қисмҳояш занг зада, вайрон шудааст. Ҳеҷ кас онро ҷуръати соҳибӣ кардан надорад.
«Хайр, ба ин гапат чӣ гуфтан мехоҳӣ?»
мақсади ӯро нафаҳмидем мо.
«Агар розӣ бошед, пас аз кор дусоатӣ вақт ёфта, ҳамон экскаваторро таъмир карда мегирем», — гуфт Файзулло ҷиддӣ.
Мо дудила будем:
«Оё иҷозат медиҳанд? Ба хаёлашон, ноӯҳдабароем-ку!»
«Онҳоро ба гап даровардан тани ман», — гуфт бо як эътимоди қавӣ Файзулло.
Евгений даме ба сукут рафт.
— Баъд чӣ шуд? — суол кардам ман.
— Чӣ мешуд? — нарм хандид Женя. — Файзулло, чун ҳамеша, ба мақсадаш расид. Яъне ки роҳбарон иҷозат доданд.
Аз рӯи гапи вай, ҳамон экскаваторро ҳар рӯз баъди кор, баъзан то саҳар, дар муддати қариб шаш моҳ аз таъмир бароварда, онҳо худашон расман боз дастаи алоҳида тартиб доданд. Ду сол инҷониб ҳашт нафар бо ҳамон экскаватор кор мекунанд. Дар ин байн ҳосили заҳматашон назаррас гардида, тадриҷан намунаи ибрат шуданд дар доираи сохтмони неругоҳ. Акнун, рафту гап аз боби экскаваторчиён ба миён ояд, аввало дастаи Файзулло Ашуралиевро ба забон меовардаанд.
— Боз чӣ гӯям? — бо тамкин ба рӯям нигарист
Евгений Батурин. — Қисса кӯтоҳ, меарзад, ки
дар бораи Файзулло сухан ронанд, нависанд,
ҳикоя кунанд. Бе ягон таъриф чашмикордон
аст бачамард. Иродаи мустаҳкам, дидадарой ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё