Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама узви комсомол иҷозат диҳанд.

– Агарчи ба мо чандон бовар накарда, аз ҳамон экскаваторҳо кӯҳнатаринашро «муносиб» донистанд, ҳарчанд дар бадали ду-се рӯз ягон қисми он мешикаст, ё аз кор мебаромад, маҳсули меҳнатамон бад набуд. Зеро аз вақти муқаррарӣ ду-се соат зиёдтар меҷунбидем. Шармсор нашавем гуфта, то ба бордони мошинҳо баробари дигар экскаваторчиён, ё аз онҳо ҳам бештар хоку санг нарезем, хона ба хона намерафтем...

Ҳар қадар баэҳтиёт муносибат мекарданд, экскаватор кӯҳна ки буд, дер тоб оварда натавониста, як рӯзи Худо тамоман аз кор баромад.

– Ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Баҳузур озмудед – осон набудааст алоҳида чунбидан. Ҳа-а... Натиҷаи гарданшахию шумо ҳамин шуд, ки муфт аз як экскаватор мондед. Шумо – комсомолҷавонони ба ном серғайрат аз саф баровардед он механизми дар сохтмон ниҳоят зарурриро. Дониста бошед, ки ақли солим ҳам дар сари кас ба синну сол пайдо мешавад. Ҳа-а, бисёр аз худ наравед дигар.

Ба чунин талху пичинг онҳоро аз нав дар байни дастаҳо тақсим карданд.

Файзулло чӣ? – пайваста дили рафиқонашро мебардошт. Худаш низ рӯҳафтода намешуд. Ва хандида, мегуфт:

– Ғам нахӯред, дӯстонам. Ҳоло нишон медиҳем, ки мо бачаи ҷайра нестем, мустақил кор карда ҳам метавонем. Гап дар сари он экскаватор бошад, худатон нағз медонед, – вай ҳаргиз ба айби ману шумо нашикастааст. Ҳамин тавр...

...Женя Батурин ҳикояташро идома медиҳад:

– Хислати аҷиб дорад Файзулло, – рамзфаҳм, умуман ҳушёри ҳушёр. Рӯзе хабар овард,

пешина
аз 93
навбатӣ