Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Хусуси Файзуллои сардоратон ҳам...
— Кори мо ягон сирри ҷолиб надорад. Мисли дигар одамон меҷунбем, вассалом. Фақат ин ки, аз рӯи виҷдон... ҳалол, покиза заҳмат мекашем. Аз ғирромӣ дур мегардем, гӯё бародарони ҳамтанем.
Дастаи онҳо иборат аз ҳашт нафар буда, дар ҳақиқат намунаи ибрат аст. Зеро ҳама аз як гиребон сар мебароранд. Дуруст мегӯяд Батурин — кас дар миёни кадом ҷамъияте ки бошад, агар одамон ба ҳамдигар муомилаи хуш доранд, ба нияти нек рӯз мегузаронанд, дар сояи муносибати хуби онҳо кораш, бешубҳа, пеш меравад, ба касби худ дилбастагӣ пайдо мекунад, рӯҳаш низ бардошта мешавад. Евгений, масалан, мегӯяд, ки аз Файзулло ва дигар рафиқони ҳамсафаш ҳаргиз ҷудо будан намехоҳад.
— Чунки ҷони одаманд онҳо, — таъкид мекунад ӯ. — Ният дорем, баъди Неругоҳи барқи обии Норакро пурра ба истифода супурдан, илоҷаш бошад, ҳамаамон якҷоя... дар бунёди неругоҳи азими Роғун низ саҳм гузорем.
Дастаи онҳо ба душворӣ ташкил ёфта буд. Соли шасту ҳаштум, вақте ки як гурӯҳ ҷавонон гирди ҳам омада, дар ЭКГ — зӯртарин экскаватори мамлакат мустақил кор кардан хостанд, одамони масъул аввал розӣ нашуданд.
— Аз уҳдааш намебароед, — гуфтанд қатъӣ.
Баъзе экскаваторчиёни батаҷриба низ тамасхур доштанд:
— Шумо куҷову экагаи девсифат куҷо?!
Аммо Файзулло дар қавлаш устувор истод, аз нияти худашу рафиқонаш нагашт. Ва охири охирон муваффақ шуд, ки ниҳоят... қариби соли ҳафтод, роҳбарон ба ташкили дастаи ҷавонони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё