Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Бо завқ қисса мекард.
– Ҳамаашро тан гирифтан лозим, – мегуфт рӯирост Женя Батурин. – Ҳангоме ба ин ҷо омадам, аз душвориҳои ба муҳит соз афтодан, хоса аз бисёр ноҳамвориҳои маишӣ саргаранг шуда, афсӯс мехӯрдам, ки барои чӣ орзуи Норак кардам. Осон набуд, охир, – дар хаймаҳо зиндагӣ доштем!
...Воқеан ҳам аввалҳо Евгений Батурин аз боду ҳавои иқлими ношинос, махсусан аз гармоҳои тобшикани фасли тобистон сахт ба танг меомад. Бар замми ин зиқ ҳам мешуд – масалан, тамоми рӯз арақи ҷабин рехта, кӯфтаву шалпар аз кор меомаду намедонист як-ду соат чӣ тавр ва дар куҷо хурсандии кунад, роҳати беминнат барад. Ҳатто ягон кинотеатри дуруст ҳам набуд, ки ҳеҷ нашавад, рафта осуда кино бинад.
Вале оҳиста-оҳиста одат кард. Зеро дар ин ҷо одамони нек, нафарони дунёдида, аз пасту баланди зиндагӣ бохабар, ҷавонони дилсофу пуртоқат кам набуданд. Онҳо намегузоштанд, ки вай танҳоӣ кашад, ба тазийқ ояд, ноумед гардад.
Ҳоло Норак ба як шаҳри ободу зебо табдил ёфтааст. Кино дидан мехоҳӣ – марҳамат, ана кинотеатр, якта не, чандта... Дилат хушу хурсандияш меҷӯяд – боз ҳам марҳамат, ана боғи истироҳат, кӯли мусаффо, тарабхона, кафеи хидматаш олӣ... Инак Евгений ба Норак сидқан дил бастааст. Гоҳо хаёл мекунад, ки аслан на дар Сибир, балки дар ҳамин ҷо, маҳз дар миёни ҳамин кӯҳҳои мазбут ба дунё омадааст.
– Шумо, албатта, мехоҳед дар бораи дастаи худамон гап занам, – мегӯяд ӯ. – Ё хато мекунам?
– Не, – мегӯям ман, – ёфтед. Масалан, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё