Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Соати ваъдагӣ шуморо ёфта, аз воқеа хабар диҳам, узр пурсам.

Модом ки кори зарур пеш омадааст, чӣ илоҷ... Боке не. Ман боз меомадагистам. Баъд, ана, баҳузур вомехӯрем.

Ваъдахилоф шудам гуфта, хотираш парешон рафт.

Ҳеҷ гап не, Женя. Бо ҳамин баҳона дар шахси шумо рафиқи нав меёбам... Истед, ки маро дар ин ҷои серодам чӣ хел шинохтед? Чӣ хел донистед, ки маҳз ман Файзуллоро интизорам?

Шуморо шаби гузашта дар ҷои корамон дида будам. Ба Шукуров... — гуфт ӯ ва аз дастам пиёлаи чойро гирифта, бо тавозӯъ илова намуд: — Вақтатон танг набошад, имрӯз ҳам истед. Чӣ гӯям... имшаб...

...имшаб шумо тӯй доред, — табассум карда, давоми суханашро ба забон овардам ман. — Рӯзе ки омадам, хабар ёфта будам. Муборак бошад, бахт ёратон гардад!

Ташаккур... Биёед ба тӯямон, хурсанд мешавем. Файзулло ҳам то бегоҳ бармегардад.

Ба ҷону дил меистодам, Женя. Лекин афсӯс... Имрӯз дар Душанбе як кори бисёр зарур дорам.

Пас ваъда диҳед, ки гузоратон ба Норак афтад, ҳатман дар хонаи мо меҳмон мешавед.

Ба чашм!

Ҳамин тавр, гапамон ба тадриҷ ҷӯр гирифта, мо қариб як соат сӯҳбат доштем. Кушодадил, хоксор ва хушлафз буд Женя, ки ин хислатҳояш яқин ба ҳар кас мақбул мешуданд. Вай дар бораи Норак, ҳамчунин аз зиндагиаш, аз кору бори рафиқонаш ва ҳатто аз камбудиҳои худаш

пешина
аз 93
навбатӣ