Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Сооз мегӯй, — калла ҷунбонд акаи Боймирзо. — Лекин... — пас чаккаашро хорид. — Ба ҳар ҳол, рафту ягон душворӣ пайдо шавад, мусоҳила накарда, зуд ба ман вохӯр. Инчунин... аз куҷое бошад, мустақим занг зан. То аз дастам меояд, кӯмак мерасонам. Сооз, а!

— Аз соз ҳам болотар, — гуфтам, нохост хандаам омада.

— Сооз ки бошад, сооз! — низ хандид акаи Боймирзо ва сари каммӯи қариб лайсашро сила карда, чаққон ба роҳаш рафт.

Саҳарӣ аз дӯкони қади пиёдагард ду-се рӯзнома харидаму мили соат ҳанӯз ба рақами 9 дакка нахӯрда, дар чойхонаи назди автовокзал ҳозир шудам. Як чойник чой фармудам. Ва дар як гӯшаи ором ба кате нишаста, чанд дақиқа бемалол рӯзнома варақ задам. Ман аз рӯи ваъда Файзуллоро интизор будам. Вале расо соати нӯҳ ба ҷои вай як ҷавони қоматбаланди малламӯй наздик омада, гарму нарм салом дод. Ва бо табассуми ҳалим пурсид:

— Шумо Файзуллоро нигаронед?

— Бале, — гуфтам ман, каме ҳайрон шуда.

— Ман рафиқи Файзулло. Номам Женя, Евгений... Евгений Батурин.

— Бисёр хуб. Марҳамат, гузаред, шинед, — гуфтам ва низ худро шиносонда, баъде ки ӯ дар як гӯшаи кат ҷой гирифт, аввал қадре хомӯш монда, пас пурсидам: — Файзулло куҷост? Барои чӣ наомад?

— Сари субҳ Душанбе рафт. Шаб ногаҳон ба вай телеграмма расида буд, — ба як маҷлиси ҷиддӣ даъват намудаанд. Таъин кард, ки дар

пешина
аз 93
навбатӣ