Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ буд? — гӯшу ҳуш гардид Файзулло.
— Ин додари мо аз Душанбе, — ба таъкид гуфт Боймирзо Шукуров. — Мехоҳад ба ту як дам ҳамсуҳбат бошад.

— Ба ҷону дил, раис. Аммо пагоҳ вақти холӣ надорам. Пагоҳ то нисфи рӯз хоб мекунам. Пас дар ҷои Женя ба кор мебароям, — вай тараддуди тӯяшро мебинад. — Файзулло лаҳзае сукут карда, узромез аз ман пурсид: — Шумо чандрӯза омадед?

— Пасфардо бармегардам, — гуфтам дар ҷавоб.
— Ин тавр бошад, пасфардо соати нӯҳ вомехӯрем. Дар чойхонаи пеши автовокзал...
Ман розӣ шудам.

Файзулло сӯи экскаватор рафт.
Мо ба шаҳр баргашта, аз ҳам ҷудо шудем — Боймирзо Шукуров ба тарафи идорааш тоб хӯрд, ман ба меҳмонхона рафтам. Ҳангоми хайрухуш ӯ дастамро фишурда, бағоят самимона пурсид:
— Фардо чӣ нақша дорӣ?
— Сарбандро диданием, — гуфтам ман.
— Соз! Пагоҳӣ сари роҳ назди ман даро. Шофир бурда мемонад. Ба чашми худат мабинӣ, ки ҳамон хоки сурхро қабат-қабат шибба зада, ба чӣ душворӣ дилу ҷигари неругоҳро бунёд мекунанд, чӣ тавр як сарбанди беқиёс месозанд... Хайр, саҳар ҳатман аз ман хабар гир.

— Ташаккур, раис, шумо ташвиш накашед. Ҳар ҷо-ҳар ҷо истода, гирду атрофро тамошо карда, пиёда рафтан мехоҳам. Бисёр хаста шавам, ягон «БелАЗ»-и раҳгузар мебарад, — гуфтам ман. — Ҳаминаш беҳтар. Охир, ба Норак омада, «БелАЗ» савор нашавӣ, аз паи шикор рафта, ҳатто тир напаронда, ду даст дар бинӣ бозгаштан барин алам мекардагист. Ё нодуруст мегӯям?

пешина
аз 93
навбатӣ