Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ро парешон накарда, ба бордони як мошин се дафъа дақиқ хок рехт. Ва баъде ки он аз зери чархҳояш чанги ғализе бардошта, вазнин ба роҳ даромад, дастёрашро ба ҷои худ нишонда, аз болои экскаватор ҷаҳид; чангу гарди корҷомаашро афшонда-афшонда, ба мо наздик омад.
– Монда набушед! – гуфт Шукуров.
– Саломат бошед, раис! – чеҳрааш кушода, ҷавоб гардонд Файзулло.
– Қай фориғ мешавед?
– Басти мо ду соат пеш ба кор сар кард. Дувоздаҳ соат... Фардо то соати ҳашт мо дар миёни ҳамин чангу хок.
– Дувоздаҳ соат... – гуфт худ ба худ Боймирзо Шукуров ва маънидор ба ман рӯй оварда, илова намуд: – Мефаҳмед, дастаи Файзулло ба ҷои шаш соат гоҳо дувоздаҳ соат кор мекунад. Ба Худо, ки соз!
– Чӣ илоҷ, дар акси ҳол ба сарбанд хок расондан мушкил аст. Фурсат танг аст. Ғайр аз ин... метарсам – рафту аз дигар дастаҳо қафо монем, нахустин агрегатро ба кор андохтан насиби мо намешавад.
– Рост мегӯӣ, Файзулло. Зеро қарор додем, ки онро беҳтарин даста, дастаи ғолибон ба кор медарорад. Аз худи ҳозир чандин бригада довталабанд.
– Мо ҳам ба умедем. Дар ҳар сурат, кӯшиш мекунем, – гуфт Файзулло андешаманд ва оҳиста аз мо чашм канда, ба ҷониби экскаватор ишора намуд: – Хуб, ягон хизмат набошад, ман равам.
– Ва яқин дастёрашро дар назар дошта, илова кард: – Ба як худи вай душвор.
– Майлат... – пушти сар хорид акай Боймирзо. – Лекин... фардо кай вақти холӣ меёбӣ?

пешина
аз 93
навбатӣ