Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

кам кастанд. Дар ҳаққи онҳо на танҳо мақола ё очерк, балки асарҳои хуби бадеӣ ҳам иншо кардан мумкин аст.

Аз байни фурсати як пиёла чой нӯшидан гузашта-нагузашта, ману акаи Боймирзо Шукуров ба роҳи калон даромада, пиёда ба ҷои машғулияти дастаи Файзулло Ашуралиев рафтем, ки аз қитъаи неругоҳ тахмин дар якуним-ду километр дурӣ воқеъ буд.

Дар пошнаи тали баланди сурх, дар равшании прожекторҳои пуриқтидор чор экскаватори ниҳоят калон кор мекард. Мошинҳои «Белаз» бо навбат омада, дар таки хокандози онҳо қарор гирифта, ба бордонҳои пуропур гашта мерафтанд. Дар гирди экскаваторҳо тӯда-тӯда хоки намаш ҳанӯз нагурехта мехобид, — ду булдозер аз фарози тал ҳар замон ба поин, ба пеши онҳо хок тела медод. Замин дар зери чархи мошинҳои вазнину экскаваторҳои бузургҷусса, ки ба назар шахпораҳоро мемонданд, сабук меларзид. Ҳавои гирду атроф олуда ба чанги маҳине буд, ки дар равшании чароғҳои фурӯзон баръало ба чашм мерасид.

Шукуров ба яке аз экскаваторҳо, ки дар паҳлуяш рақами 59 дошт, ба даст ишора намуда, гуфт:
— Дастаи Файзулло ба ҳамин деви оҳанин кор мекунад. Ана, худаш ҳозиру нозир будааст.
Ниятат холис баромад, Абдусаттор...

Ман боз ба экскаватори панҷовунӯҳум нигаристам. Андаруни он ду нафар — Файзулло ва
дастёри ӯ кор мекарданд! Ҳарчанд чеҳраи Файзулло дар пушти тирезаи кабина хира менамуд,
зуд шинохтамаш. Вай ҳам маро дид, вале ҳушаш—

пешина
аз 93
навбатӣ