Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

кор мекунад...»

«Беш аз яксаду сӣ заводу комбинати мамлакат ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак маҳсулот мефиристад...»

«Шумораи бинокорону муҳандисони мо ба пӯҳ ҳазор мерасад...»

«Сарбанди неругоҳи Норак аз сарбанди Макиои Япония 194 метр, аз сарбанди Сер-Понсони Фаронса 170 метр, аз сарбанди Оровилли Амрико 76 метр, аз сарбанди Гранд-Диксанси Швейтсария 19 метр баландтар аст...»

Воқеан ҳам ин ба гуфтан осон!

Ниҳоят, кран ба он канори бино расида, ноаён истод. Танобҳои фӯлодин бори худро оҳиста ба поин, ба назди сӯрохии мураббаъ дар таки девори бинои неругоҳ, ки аз он ба турбина об хоҳад рехт, беозор мехамбонд. Бор беҳад вазнин буд! Бинобар ин, то хавфи канда шудани танобҳои кран ба миён наояд, онро аз рӯи ҳисоб дар як дақиқа ним метр поин мефуроварданд. Боймирзо Шукуров ба ман гуфт, ки вазни фақат ҳамин қисми қуфл ба сесад тонна мерасад. Барои он ки ба фишори шадиди об тобовар бошад, ё агар зарурат пеш ояд, роҳи обро баста тавонад, вай аз пӯлоди соф рехта шудааст.

Баъде ки қуфлро ба ҷояш гузоштанд, кран гашта ба қафо рафт. Чаққон буд акнун...

Ҳозирон якдигарро гарм ба оғӯш кашида, «муборак бошад!» гуфта, ҳар кадом аз паи кори худ пароканда шуданд. Бондаренко ҳам ба мо хайрухуш карда, роҳи штаби сохтмонро пеш гирифт. Вай ҳини рафтан дасти маро сахт фишурда:

– Омада истед, – гуфт. – Дар Норак воқеаҳои лоиқи навиштан бисёранд. Одамони наҷиб низ

пешина
аз 93
навбатӣ