Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Дақиқа ба қадри як метр пеш мелағжид.
— Чанд тонна мебардорад? — ба кран ишора намуда, пурсидам аз Бондаренко.
— Сесаду шаст тонна, — гуфт ӯ дар ҷавоб оромона. — Аз ҳамин кран дуто дорем.
— Сесаду шаст тонна! — ба ваҷд омада, беихтиёр такрор кардам ман.
Ва ҳайрон шудам — вай аз хусуси чунин кран ба оҳанге посух медиҳад, ки гӯё гап дар бораи сесаду шаст кило мерафта бошад. Аммо баъд аз дил гузарондам — дар кори онҳо, агар вусъат ва кранҳои борбардори бақувват, ки мислаш ҳанӯз дар ягон мамлакати дунё ба вуҷуд наомадааст, шояд ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад...
Ҳаракаташ бе ҳеҷ муҳобот хазидани сангпуштро ба ёд оварда, кран оҳиста пеш мерафт. Мо ҳам, чунон ки дар интизори мӯъҷиза бошем, сари ҳар қадам тавакқуф намуда, гоҳо аз пушти он қадам мегузоштем. Дар чеҳраи ҳозирон партави шодмонӣ инъикос меёфт.
Ба деворҳои бузурги аз оҳану бетон қадафрохтаи неругоҳ зеҳн монда, пора-пора суханони Бондаренкоро ба хотир меорам, ки ӯ дар ҳузури Боймирзо Шукуров ба ман гӯшзад мекард:
«Аз ҳавзаи бинои неругоҳ зиёда аз се миллион метри мукааб сангу хок кандем...»
«Дар иморати бино қариб сесад ҳазор метри мукааб бетон хобондем...»
«Ба пойдевори бинои неругоҳ нахустин метри мукааб бетонро дастаи вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Муҳаббат Шарифов рехта буд...»
«Дар сохтмон баробари бисёре аз мошинҳои дигар зиёда аз яксаду бист мошини «БелАЗ»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё