Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ва ҳазлкаш аст. Ҳатто ба назар каме бепарво метобад. Аз Шукуров шунида будам, ки вай ба ин ҷо се сол муқаддам, баъд аз анҷом ёфтани сохтмони Неругоҳи барқи обии Асвон дар Мисри араб, бо супориши Маскав омадааст; яке аз беҳтарин мутахассисони соҳаи энергетикаи мамлакат мебошад. Ҳоло ӯ дар кори бағоят масъул ва мураккаб – васл намудани ҳама гуна таҷҳизоти бинои неругоҳ сарварӣ мекунад.
Нисор Неъматов чӣ? – соли сеюм аст, ки дар мактаби олии ҳизбувӣ мехонад. Пештар як муддати дароз дар сохтмон экскаваторчӣ буд, аз ҳамин ҷо ба таҳсил рафт. Лекин ҳар сол, ҳангоме аз барои таҳтилашро гузарондан ба Норак меояд, то охири август ба касби дӯстдоштааш, ки ӯро сазовори эҳтироми мардум гардонд, сидқан машғул шуда, то метавонад, тавассути заҳмати хоксоронаи худ ба бинокорон мадад мерасонад. Ҳазорҳо тонна гили сурх ва сангу шағалро, ки сарбанди сесадметраи Неругоҳи барқи Норак ба истифода аз онҳо бунёд мегирад, Нисор Неъматов, Файзулло Ашуралиев, Абдулло Саидов ва боз бисёр экскаваторчиёни дигар дар чор баст шабу рӯз ба мошинҳо бор мекунанд.
– Бардор! – фармон дод Инюшин ба марде, ки дар кабинаи кран менишаст.
Танобҳои ғафс ва пӯлодини яке аз ду кран – онҳо ба ду по дар рӯи хатҳои оҳанини аз партави чароғҳои атроф муҷаллӣ чун дарвозаҳои азим пуштиҳам ва устувор меистоданд – оҳиста-оҳиста як механизми алвонрангро боло кашида, баъд худи он пеш рафт. Вай нисфи сарпӯши агрегати нӯҳумро, ки деги дар бузургӣ берун аз тасаввурро мемонд, аз ин сари бино ба он сараш мебурд.
Ҳаракаташ ниҳоят суст буд, – дар бадали ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё