Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Даанд. Аз синаи кӯҳи Сандук бошад, роҳи васеи мошингард гузашта, шабу рӯз ба сохтмони сарбанд хизмат мекунад.

Ман бо ҳайрат ба иморати неругоҳ чашм медӯзам. Вай чунон манзараи дилкаш дошт ва он қадар чароғон буд, ки гумон мебурдед аз осмон ситора мерезад. Аз гирду пеш, аз зери дасти кафшергарон села-села шарора пош мехӯрд. Анвори тези прожекторҳои пурқувват чун наҳҳои зарандуд аз мағзи торикӣ ба худ роҳ кушода, гӯё ба ҳар ҷо-ҳар ҷои қалби шахҳо фурӯ мерафт. Ба гӯш тез-тез ғуроси мошину ба ҳам бархӯрдани фулузот, ғиҷироси чархи кранҳои борбардору шақароси занҷир ва боз гуна-гуна садоҳои пурғулғула мерасиданд. Ин ҳолатро ба мушоҳида гирифта, беихтиёр оромии шаҳри Норакро ба хотир овардам ва аз дил гузарондам, ки агар дар ин ҷо набзи бунёдкорӣ баланд набошад, шояд дар он ҷо чандон оромӣ ҳам намебуд...

Дар майдончаи симентпӯши назди бинои неругоҳ, ки дар саҳнаш одатан баъзе таҷҳизоти аз ҳам ҷудои агрегатҳоро ба якдигар васл мекунанд, даҳ-дувоздаҳ нафар рост истода, ба сарпӯши мудаввар, ки онро баъд аз дақиқаҳои башӯмор бурда ба ҷояш мегузоранд, бо ҳисси қаноатмандӣ менигаристанд. Ман дар байни онҳо котиби аввали кумитаи ҳизбии шаҳр Павел Горбачёв, сарвари «Спецгидроэлектромонтаж» Юрий Инюшин ва шунаванди мактаби олии партиявӣ дар Тошканд Нисор Неъматовро дидам, ки ба онҳо низ бори аввал дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон вохӯрда будам.

Инюшин марди тақрибан сивупанҷ-сивушەشсолаи батанутӯш ва ришдор буда, хеле хоксор

пешина
аз 93
навбатӣ