Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ро бурда, дар болои агрегат мемонанд, васл мекунанд. Пас, ана... агар хоҳиш дорӣ, туро ба ҷои кори дастаи Файзулло мебарам.
Мо аз кабинети сардори раёсати сохтмони Неругоҳи барқи Норак Василий Бондаренко баромада, ҳамроҳи ӯ ба ҷониби худи бинои ояндаи неругоҳ равона шудем. Василий Иванович ва Шукуров тоскулоҳашонро ба сар кашиданд. Аммо ман дам ба дам ба каллапӯши пластмассӣ, ки онро Бондаренко ҳанӯз дар кабинеташ ёфта дода буд, чашм давонда, дудила меистодам — пӯшам ё напӯшам?
— Пӯшед, — гуфт Василий Иванович. — Эҳтиёт — ними ҳаёт. Кори мо бе тоскулоҳ ҳам намешавад.
Ман онро ба сар мондам. Ва дарҳол ҳис кардам, ки ҳарчанд вазнин набуд, безебу ногунҷон метобад дар андомам. Шукуров вазъи маро фаҳмид магар:
— Ду-се бор пӯшӣ, одат мекунӣ, — гуфт. — Бе ин дар маҳалли сохтмон гаштан манъ аст. Агарчи фалокат аз таки по мегӯянд, дар ин ҷойҳо фалокат аксар вақт аз болои сар меояд. — Вай гардан афрохта, ба шаҳҳои бовиқори атроф назар андохт. — Ин саҳраҳои баланд бинокоронро бисёр ташвиш медоданд.
Дар воқеъ ҳам қалби неругоҳ дар собиқ маҷрои Вахш, дар миёни ду кӯҳи урёну тирафом — Нор ва Сандук — бунёд мегардад. Кӯҳнавардон ба тани мазбути Нор, ки аз бари он ҳар дам сангу сангрезаҳо ғалида, ба шуғли бинокорон халал мерасонданд, гоҳо боиси фалокат ҳам мешуданд, бо як санъати баланд симтӯр каши-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё