Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Не, раис, нашинохтам.

— Файзулло Ашуралиев. Сардори дастаи экскаваторчиёни ҷавон. Бачамарди меҳнатӣ аст! Нонашро ҳалол карда меҳӯрад.

— Ҳамон экскаваторҳои таърифиро, ки аз девкориашон ҳикоят доштед, пас ҳамин гуна ҷавонон идора мекунанд? — гуфтам ман, меҳмонии ӯ ва чанд тан аз норакиёни дигарро дар Иттифоқи нависандагон ба хотираш оварда.

— Бале, ҳоло дар ин сохтмони бузург лаҷоми аксари онҳо дар ихтиёри ҷавонон. Дастаи Файзулло ҳам якто дорад. Ҳашт нафар ду моҳ боз ба хоҳиши худ бе рӯзи истироҳат кор мекунанд. Ба Худо, ки соз аст! Бе рӯзи истироҳат, а! — такрор намуд ӯ. — Вагарна бунёди сарбандро дар вақташ ба анҷом расондан як амри муҳол...

— Аз ҳамон навъ экскаватор чандто доред?

— Шонздаҳто! Ҳамааш ба по... — Вай каме ба сукут рафта, идома дод: — Аслан қанд зананд муҳандисони мо, олимони мо. Мушкили мардуми коргарро ҳай осон мекунанд. Аз ҳамин экскаваторҳои нав танҳо яктоаш мошини «БелАЗ»-ро, ки бисту ҳафт тонна бор мекашад, то ана мана гуфтан ба се хокандоз лаболаб ба роҳ медарорад. Ба ҳар чанг задан ҷору аз даҳ шаш метри мукааб хок ё шағал мебардорад. Магар ин соз нест?

— Соз ҳам гап!

— Такрор кун калимаи шаҳодати маро, ҳа-а, такрор...

Шукуров ба соаташ нигарист ва аз ҷевони кунҷи кабинет тоскулоҳеро гирифта, ба китфам даст партофт.

— Рафтем, шунидан кай бувад монанди дидан. Баъд аз чил дақиқа сар мешавад — сарпӯш-

пешина
аз 93
навбатӣ