Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бемалол ки бошад, — гуфт ӯ, хандида, — баъди ду рӯз Женя хонадор мешавад. Воқеан, даъватнома гирифтед? Бурда, ба дасти худам месупорам, гуфта буд.

— Хабар дорам, даъватнома ҳам гирифтам, — табассум кард Шукуров.

— Пас масъалаи хона...

— Чӣ шудааст ба хона?

— То ҳол маълум не. Аслан барои ҳамин омадам. Ташвишатон бисёр... Гуфтам, мабодо фаромӯш шавад.

— Хотират ҷамъ бошад, Файзулло. Хона тайёр. Шиори мо — алваъда ва ад-дайн! Охир, ба Женя хона надиҳем, ба кӣ медиҳем?

— Ташаккур, раис, — хурсанд аз ҷой хест ҷавон.

— Тӯҳфа харидед? — пурсид Шукуров.

— Ҳа-а, телевизори ранга... Ба хаёлам, тӯёнаи бад не.

— Со-оз! Худамон сару бар мешавем. Исто, ки базмро дар куҷо оростаниед?

— Дар ҳавлии падари арӯс.

— Со-оз, дар ҳамон ҷо ба Женя калиди хонаашро месупорем. Чӣ гуфтӣ?

— Со-оз! — такрор кард ҷавон ва ҳар ду баробар хандиданд.

Ман фақат баъдтар фаҳмидам, ки ин хандайи базавқи онҳо бесабаб набудааст. Зеро Шукуров, ба қавли худаш, мад кашида, дар як рӯз метавонад, камаш, сад бор калимаи «соз»-ро ба забон орад. Ҳатто ба ягон воқеаи нохуш рӯбару ояд ҳам, беихтиёр «соз!» мегӯяд...

Ҷавон берун баромада, дарро пӯшид.

— Ӯро шинохтӣ? — пурсид акаи Боймирзо, ба ман наздик шуда.

пешина
аз 93
навбатӣ