Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Вай зуд ба ду пиёла чой рехт.
— Пас манзили хобат таъин не?
— Дар ин бора ҳатто фикр накардаам...
— Шумо, аҳли қалам, ҳамин хел — аз худ парво надоред. Хуб, ҳеҷ қисса не, модом ки фикр накардай, ҳоло дукаса фикр мекунем, — хандид акаи Боймирзо ва гӯшаки телефонро бардошта, ба касе фармуд, ки «якта номер» гирифта монанд барои меҳмон. Пас ба ман нигарист: — Ҷои хобат дар меҳмонхонаи Деҳи Сабур мешавад. Сооз! — Ва андак ба сукут рафта, илова намуд: — Росташро гӯям, хушдоманат туро нағз медидааст.
— Кошкӣ ҳамин хел мебуд. Лекин... чӣ, ба ягон зиёфат расидам?
— Зиёфат ҳам гап?! Имшаб сарпӯши нахустин агрегатро ба ҷояш мегузорем. Хушдоман нағз бинад, ҳамин қадар нағз медидагист.
— Эҳтимол... — гуфтам ба лабханд.
Ин дам оҳиста дари кабинет кушода шуда, як ҷавони зардина, ки ба назар тахмин биступанҷсола метофт, дар бар корҷома ва дар даст фуражкаи дорчинранг, иҷозати даромадан пурсид.
— Биё, Файзулло, биё, — гуфт Боймирзо Шукуров ва аз ҷой хеста, дар истиқболи ӯ ба мобайни кабинет гузашт.
Ҷавон ба яке аз курсӣҳо нишаст, дамашро рост кард. Ва аз чӣ бошад, ба маънии «гапамро гӯям?» нахуст ба ман, пас ба сӯи раис назар андохт. Чашмони сабзаш нармнигоҳ буданд. Дар лабони каме ғафси базебаш табассуми сабук сайр дошт. Ман, то ба гуфтугӯи онҳо халал нарасонам, бархоста, акнун берун рафтанӣ будам, ки акаи Боймирзо монеъ шуд. Сипас ба ҷавон рӯй овард:
— Гап зан, Файзулло. Бемалол...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё