Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Тан ба сафари Норак баромада, ҳанӯз дар Душанбе ба худ аҳд карда будам — дар он ҷо, то ки мушкилам осон гардад, пеш аз ҳама ба яке аз навошноҳои норакиам, раиси кумитаи иҷроияи шаҳр Боймирзо Шукуров вомехӯрам ва аз ӯ дар хусуси ба киҳо ҳамсӯҳбат шудан, ба чӣ тарз омӯхтани вазъи феълии сохтмон маслиҳат мепурсам. Мо ду-се моҳ қабл дар Душанбе, дар мулоқоти аҳли адаб бо як гурӯҳ роҳбарон ва бинокорони пешқадами Неругоҳи барқи Норак, ки дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон барпо гардид, шинос шуда будем. Вай он вақт ба хушгуфториву ҳозирҷавобии хеш ҳозиронро тасхир мекард. Баъди мулоқот мехостам минбаъд низ ба акаи Боймирзо ҳамсӯҳбат бошам, аз ҳикоятҳои намакинаш баҳра бардорам, аз забонаш латифаҳо шунавам. Чунки вай, бешубҳа, як одами зиндадил менамуд, ба кас дарҳол унс мегирифт.
Бинобар ин аз раҳгузаре дар куҷо воқеъ гардидани кумитаи иҷроияи шаҳрро пурсидам. Ва фурсате нагузашта, онро ёфтаму ба қабулгоҳи раис даромада, аз котиба суроғаш кардам. Вай гуфт, ки каме мунтазир бошам, ҳамин замон меояд.
Дар ҳақиқат тахмин панҷ дақиқа пас акаи Боймирзо аз остонаи қабулгоҳ ба дарун қадам гузошт ва маро дидан ҳамоно:
— Эъ, Сатторӣ? Хуш омадӣ! — гӯён самимона вохӯрдӣ карда, ба кабинеташ ҳидоят намуд.
Баъди он ки маро ба курсӣ нишонда, худаш ҳам аз паҳлуям чаққон ҷой гирифт, бо табассуми фарох пурсид:
— Кай омадӣ?
— Ним соат ҳам нашудааст, — гуфтам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё