Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

НООМАДИ КОР

Вақте ки аз автобус фуромадам, офтоб ғуруб карда, шасти гармо мегашт. Лекин ҳаво дам дошт. Ба кӯчаи фарохи асфалтпуш, ки дар ду бари он дарахтони сарсабзи чанору иморатҳои бисёрошёнаи хуштарҳ саф ороста буданд, ду мошини обпош яке аз паи дигаре, гӯё беозор лағжида, маҳин об мепошиданд. Аз рӯи роҳи тар ҳаври тунуке бархоста, зуд дар мағзи ҳаво гум мешуд. Ба димоғ бӯи хоку тафти асфалт мерасид. Шаҳр серодам, вале бар акси тахмини ман ором буд, ки аз ин ҳолат лаҳзае ба ҳайрат омадам. Ман, охир, бори аввал ба Норак сафар мекардам. Ва раҳораҳ андеша доштам, ки модоме дар он ҷо бузургтарин сарбанди дунёро месозанд, пас мошинҳои пурқуввати бисёре дар ҳаракатанд, пас мебояд вай шаҳр не, балки як користони серғавғо бошад.

Лекин ин тавр набуд. Ман ҳоло худро ҳақиқатан дар макони ороме медидам ва дар пиёдагарди қади кӯча қадам зада, ба дари бози мағозаҳо, ки одамони турхалволи анбон ба дасти зиёде аз онҳо даробаро мекарданд, ба гулгаштҳои серун, ки дилкашу рӯҳафзо буданд, инчунин ба чеҳраи раҳгузарони кушодарӯ, ки ҳар кадом ба ҷонибе шитоб доштанд, зуд-зуд чашм партофта, аз оинаи хаёл мегузарондам – одами мусофир, рафту бехабар бошад, ки дар ҳамин мавзеъ, дуртар аз маркази шаҳр, чанд сол боз ба Неругоҳи барқи обии Норак бунёд мегузоранд, ин кӯчаҳои озода, иморатҳои ҳозиразамон ва кӯҳҳои дурангу серанги атрофро дида, эҳтимол гумон мебарад ба истироҳатгоҳи некманзаре афтидааст...

Ман ба нияти ягон чизи очеркнамо навиш-

пешина
аз 93
навбатӣ