Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Бавусъати «ҷаҳоннамо» равшан гардида, духтаре, балки зане лӯнда ва танноз — мӯйҳои раҳ-раҳ сафеду сиёҳаш парешон, дар даст баландгӯяк, сад печутоб хӯрда, чашмони махмурашро гоҳ пӯшидаву гоҳи дигар кушода, чоки бари доманаш то сари рон, аз саҳнаи бузурги ба ҳафт ранг музайян лақнатдор мехонад:
Доим мекунам садоят,
Да-аа-лӣ, Ҷа-аа-лӣ.
Доим мекунӣ садоям,
Да-аа-лӣ, Ҷа-аа-лӣ...
Ситора, чеҳраи гирифтааш якбора боз шуда, пултро бо эҳтиёт ба рӯи мизи пастаки хушҷило, дар пеши гулдони барқади булӯрин мегузорад. (Гул надорад гулдон; ғариб аст, холист...) Ва овоз бароварда, худ ба худ мегӯяд:
— Хон, азизам Парвин, хон! Безор шудам аз насиҳати духӯраи он беваи китобмаст! Аввал хонаву дарашро ба тартиб андозад... Тавба!
ПИСАРАКОН — акаву додар — як қад парида, мутаҳайир ба ҷониби модар менигаранд.
Вале Ситора парво надорад. Вай тасмаи хилъаташро кушода, ҷуссаи ба ҳар ҳол вазнинашро ҳамоно болои диван мепартояд. Пас бо як савқи табиӣ болинаки мулоими онро ба таки сар кашида, омехта бо садоҳои гӯшҳарош ва номафҳуми «Да-аа-лӣ, Ҷа-аа-лӣ...» дуру дароз механдад. Ба дараҷае ки аз ҳалқаи чашмони дар ин лаҳза тангаш ришта-ришта ашки гарм заҳида, сурмаи ғафси бехи мижгон ва зиёда сафедии рухсораҳояшро хат-хат шуста, андоми ӯ дар партави қандили мунаввари шифт бағоят сард, берӯҳ... Ҳатто бимангез метобад.
2004

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё