Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ, ман ба вай содиқ нестам?
— Осуда бош, ту содиқӣ, бисёр содиқӣ, — фарох табассум мекунад Шаҳзода. — Аммо як қадар сабукӣ дорӣ, кори дунёро саҳл мегирӣ. Фурсати муносиб даст диҳад, чӣ хеле ки худат гоҳо мегӯй, ба ту боз, ин карат дурусттар «разбор» карданиам.
— Кошкӣ!
— Ба шарте... аз он чӣ гуфтам, наранҷида бошӣ.
— Туро ба ҷои апаам медонаму...
— Ташаккур. Ҳоло ман рафтам.
— Боз биё, апаҷон, хонаи худат. Воқеан, утуро кофта ёбам, зуд дароварда медиҳам.
— Кори хуб мебуд, — чеҳрааш ҳамчунон оинаи табассум, нарм мегӯяд Шаҳзода ва дарро бесадо кушода, бесадо аз пушти худ мепӯшад. — Бале, айни муддао мебуд.
Ситора, мисли он ки сараш ногаҳон ба дард омада бошад, даст ба пешонӣ бурда, дар даҳлези равшан даме ноҷунбон меистад. Баъд чароғро бо қаҳр хомӯш карда, ҳар ду писаракаш аз қафо, қариб тозон ба меҳмонхона медарояд. Чойники қирмизӣ, чанд пиёла, қанддон ва табақчаи бомавизро аз болои миз гирифта, ҳамон тавр бо ситез ба ошхона мебарад. Ва даррав баргашта, дар назди диван хаёлолуд каме таваққуф мекунад.
Дафъатан даст ба пешонӣ мениҳад, чакқаҳояшро як-дуборӣ мемолад. Гаранг метобад ба назар. Писараконаш дар рӯи қолини серпат нишаста, аз нав чормағз мегелонанд. Ба тарзе машғули бозианд, лекин хомӯш, бе ҳеҷ садо... Вай ба онҳо эътибор надода, ақалан нигоҳ ҳам накарда, аз кисаи хилъаташ гӯё беихтиёр пулти хурдаки телевизори калонро, ки дар пешгаҳи манзил меистод, берун меорад. Ва ба як пахши сарангушташ оинаи

пешина
аз 93
навбатӣ