Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хуб, ҳоло бигир.
— Ягон ҳафта пас бармегардонам. Ҳатман... — мегӯяд Ситора, пулро тез ба кисаи хилъаташ андохта.
— Албатта, соҳиби сарат Икроми заҳматӣ ки ҳаст, дилпурӣ.
— Сабил монад, охир, ноёб метобад он қабил ангуштарӣ! Аслан хеле пул дорам. Лекин... ҳар бор ба худат мегӯям-ку: ҳамааш саддолларӣ. Ягонтаашро майда кунам, баъд, ана, меравад об барин, гум мешавад дар кафи дастам, несту нобуд мешавад.
— Рост, ҳар боре ки пул лозим бошад, гӯё дар омади гап мегуфтӣ — чанд саддолларӣ дораму аз майда кардан метарсам.
— Чӣ илоҷ, қисмати мо ҳамин. Ҳушу ёдамон мудом ба каму кости оила, ба сарфаву саришта.
— Бечиз нагуфтаанд, ки вобаста аз зан аст баракати ҳар хонадон, — сараш андак хам, қуфлаки сумкаро маҳкам мекунад Шаҳзода.
— Равшании чароғаш ҳам! — сухани ӯро аз даҳон гирифта, масрур ба забон меорад Ситора.
— Баъзе одамон маҳз аз сарфаи сари оташдон ба ҷое расидаанд. Ва баръакс — нафс агар бад бошад, балои ғафс бошад, хонаи обод ҳам вайрон мешавад. Дониста мон, а!
— Ман инро медонам.
— Хуб, кӯтоҳаш — оташдон дар дасти кист?
— Дар дасти худам! — баланд механдад Ситора.
— Минбаъд баандеша кор бандӣ, Икроми ту ҳам ягон рӯз ба молу манол мерасад. Пас табъи дил ҳавлӣ месозед, мошин мехаред... Яъне агар зану шавҳар дониста аз кӯи вафо гузаранд, мушкиле нест, ки осон нагардад. Муҳиммаш — садоқат, сабру таҳаммул.

пешина
аз 93
навбатӣ