Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Барои ҳамин аз рӯзи аввал намондӣ, ки як-якта бинам?

— Росташро гӯям, апа, намедонам барои чӣ...

— Хайр, ба гузашта салавот, — дар лабони хушобаш табассуми малеҳ дамида, аз табақча боз як дона мавиз мегирад Шаҳзода. — Ман акнун равам... Исто, ки утуи маро намедиҳӣ? Чанд куртаи акаатро шуста будам... Дирӯз каме ғур-ғур кард.

— Ку бинам, — мегӯяд Ситора ва ба хонаи дигар гузашта, ду-се дақиқа баъд дасти холӣ бармегардад. — Ҳушу ёдам ба ақрабои Икром, куҷо мондаам, ки наёфтам, апа. Ҳоло пасу пешамро дурусттар бинам, худам дароварда медиҳам.

— Ин тавр бошад... — хаёлманд лаб мегазад Шаҳзода. — Хуб, ман рафтам.

— Омада ист, охир!

— Метарсам, ки мабодо аз гуфтаҳои ман хафа шавӣ.

— Наҳод, апа...

Ситора беихтиёр тасмаи хилъаташро дубора кушодаву аз сари нав баста, аз пушти ҳамсояи болобаланд ва зебояш, ки сабук бархоста, ҳамчунон сабук ба даҳлези нимторик мебарояд, лоқайд қадам мемонад. Ва гӯё ланҷ шуда бошад, ҳолаташро чандон тағйир надода, чароғи он ҷоро дармегиронад. Шаҳзода боронӣ ва сумкаашро аз чанги кашак чаққон ба даст оварда, мехоҳад биравад. Вале худи ҳамон лаҳза писаракони дӯстрӯи Ситора — акаву додар дар назди вай ҳозир мешаванд. Чашмони маъсумашон аҷаб интизор... Шаҳзода боз қуфлаки сумкаашро мекушояд; ба онҳо боз дутайи қанди коғазпеч медиҳад. Ва сарашонро ба меҳр сила мекунад.

пешина
аз 93
навбатӣ