Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бароталӣ низ чун ҳоким, чун фарди ба куллӣ бурду бохти ноҳия ҷавобгар шодӣ мекунад. Боро ба рушди ин диёр – бигузор худаш нагӯяд, аммо деҳнавиён медонанд, — саҳми ӯ хеле бузург аст.

Асоси ҳама гуна муваффақиятро дар интизом мебинад Бароталӣ Олимов. Ҳоло ин хислати дӯсти ҷавониамро ба хотир оварда, мехоҳам махсус таъкид созам: вай содиқ аст ба ақидааш. Корҳо ана – хубанд, дуруст ба роҳ ки мондаем, акнун худ аз худ пеш рафтан мегиранд гуфта, ресмонро сар намедиҳад. Ҳама ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳоро ба роҳбарони хурду бузурги онҳо дар зери назорат гирифта, аз аъмолашон пайваста бохабар мешавад. Нафаре аз эшон фалон корро кардем ё накардем гуфта, наметавонад ӯро фириб диҳад. Чунки Бароталӣ ҳофизаи бисёр мустаҳкам дошта, киву чӣ будани ҳар касро ба як дидан, ё радду бадали чанд сухан мешиносад; дар чӣ вазъ будани набзи тамоми ноҳияро ба мисли панҷ панҷааш медонад.

Аслан роҳбар ҳамин хел набошад, намешавад. Дар радифи муҳаббат ба одамон мебояд, ки вай серталабиро низ дар мадди назар дорад.

– Дар байни соатҳои панҷ ва шаши саҳар акаи Бароталиро дар замини хоҷагиҳо мебинед, – гуфта буд боре муовини аввали ӯ Темур Шавкат. – Шикоят аз сиҳатӣ ё хаста шудан чист, гумон мебаред вай ҳаргиз намедонад. Ҳамеша дар паи кор ва ҳалли масъалаҳои зарурӣ... Ба ғайрати акаи Бароталӣ тоб оварда, баробараш пой мондан осон нест. Касе ки ба сарвари мо ҳамқадам шуда наметавонад, шарм дошта, дар вазифа ношоям ё сустирода буданашро фаҳмида, худаш аз саф мебарояд. Ҳарчанд акаи Баро-

пешина
аз 87
навбатӣ