Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Татӣ чизе намегӯяд, вай хуб медонад — вақту соаташ расидан баъд мегӯяд ҳоким. Он гоҳ нағз намешавад. Пас оё аз рӯи ақл нест, ки ба ихтиёри худ равад; дар ғами мансаб насӯхта, ба коре машғул гардад, ки аз дасташ меояд? Аз ин ҳам ба шахси ӯ фоида мерасад, ҳам ба дигарон...

Понздаҳ сол боз ман ба Темур Шавкат алоқа дорам. Ошноӣ дар миёни мо ба шарофати нависандаи ӯзбек Озод Аъзам, ки ҳамдиёри банда аст, нохост сурат гирифта буд. Ман он вақт дар зодгоҳам Бойсун се-чор рӯз истода, ба Душанбе бармегаштам. Сари роҳ дар Деҳнав тасодуфан ба Озод Аъзам вохӯрдам. Баъде ки аз ину он хела сӯҳбат доштем, вай сидқан гуфт:

Мехоҳам ба як рафиқи ман шинос шавӣ. Инсони аз ҳар ҷиҳат баркамол. Муҳиммаш — ба дӯстон вафодор, ки ин хислати олӣ, мутаассифона, ҳоло кам мондааст дар табиати мардум. Вай дар ҳамин ҷо, дар комиҷроия кор мекунад, боз... қаламкаш аст, дар тадқиқи адабиёт хидмати арзанда дорад. Бисёр ҳассос, ба одамон хушмуомила, назараш ба зиндагӣ васеъ, чашму дилаш сер. Дар ҷое ки китоби нағз ҳаст, асари санъат ҳаст, ба дигар давлату дороӣ эътибор намедиҳад. Хулоса, як фарди покиза ва бамаърифат аст он бародарамон.

Пас аз ошноӣ бо Темур Шавкат, ки оҳиста-оҳиста ба дӯстию рафоқат табдил ёфт, ман дар идомаи солҳо аз олами маънавии ӯ баҳра бурда, ба одамгариаш тан дода, гоҳо фикр мекардам — суханони дар ҳаққи ин марди шариф гуфтаи Озод Аъзам дар воқеъ айни ҳақиқат будаанд, балки инсони аз он таърифу тавсиф низ хеле баланд аст дӯсти беғарази мо. Темур Шавкат дар миқёси вилоят, ҳатто ҷумҳурият аз зумраи ади-

пешина
аз 87
навбатӣ