Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Бале, фарзанди одам фақат тавассути заҳмат ба ҷое мерасад. Пешрафти на танҳо хоҷагии деҳот, саноат ё тиҷорат, балки ҳама соҳа — чӣ илм, чӣ ҳунар, чӣ адабиёт, чӣ варзиш... хулоса, тамоми касби олам маҳсули заҳмат аст. Худи Бароталӣ Олимов низ маҳз бо ҳамин восита — пайваста хондану омӯхтан, аз вазъи ҷаҳон огоҳ будан, мақому манзалати инсонро лаҳзае аз ёд набудан... умуман одамгариро авло донистан номи нек ёфта, дар байни халқ сазовори эҳтиром гардид.

Чор сол боз вай дар мансаби ҳокими Деҳнав кор мекунад. Дар ин муддат набудааст, ки нақшаҳои ноҳия иҷро нашуда бошанд. На фақат қариб дар тамоми соҳаҳо иҷро мешуданд, балки сол то сол боло рафта, Деҳнав аз фурӯмонӣ комилан берун омада, ба пешқадамтарин ноҳияи вилоят табдил ёфт. Гуфтан мумкин ҳатто дар саросари ҷумҳурият ном баровард. Порсол ягона касе, ки аз вилоят ба унвони олии Қаҳрамони Узбекистон ноил гардид, Иброҳим Исроилов буда, дар ҳамин ноҳия раиси колхоз аст. Инсони босавод, чашмикордон; мардест, ки дар баробари нозуки кишоварзиро нағз донистан истеъдоди дипломатӣ низ дошта, аз ҷониби Узбекистон ҳамчун вакили Маҷлиси Олӣ дар бисёр ҷаласаву гуфтушунидҳои байналхалқӣ ширкат меварзад.

Ба тақвияти он ки Деҳнав дар се-чор соли охир якбора ва бо эътимод рӯ ба ободиву фаровонӣ овард, зикр кардан мехоҳам — то Иброҳим-ака дар ин ноҳия муддати чил сол ягон кас ба унвони қаҳрамонӣ нарасида буд. Худи ҳамин аз тараққиёти бемайлони ноҳия шаҳодат дода, мардуми онро рӯҳбаланд мегардонад. Ва албат-

пешина
аз 87
навбатӣ