Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Вала суханашро барқарор намуд: — Боз ин ки, дӯстам, акаи Бароталӣ марди бисёр ҳассос аст. Чӣ шахсе будани инсонро ба як назар мешиносад. Нигоҳаш нарм бошад ҳам, на ҳар кас метавонад ба он тоб орад. Илова бар ин пешбин аст. Бисёр вақтҳо ҳайрон мемонед, — дар боби ягон масъала аз боло ҳанӯз супориш наомада, акаи Бароталӣ муҳим будани ҳамон масъаларо ҳис мекунад. Ва мешавад, ки доир ба он фармоиш дода, ё қарор бароварда, зуд сари кор мегирад. Як вақт мебинед, — маҳз дар ҳамин хусус фармони президент низ интишор ёфтааст. Ва мардум, албатта, ангушти ҳайрат газида, ба заковати ӯ тан медиҳанд. Бо ташаббуси акаи Бароталӣ ба таъмири мадфани Хоҷа Алоуддини Валӣ ҳангоме оғоз намуданд, ки сарвари мамлакат дар як суханрониаш ногаҳон руҷӯъ карда, гӯё дар омади гап гуфта буд: мо бояд манзили охирати бузургонамонро тозаву озода ва бошукӯҳ нигоҳ дорем, на фақат марқади бузургонамон, балки ҳар як қабристонро обод карда, ёди гузаштагонамонро инсонвор пос дорем... Ку ҳоло худат ба мулоҳиза гир — аслан хотираи ниёгон ба мо лозим, ё ба онҳо?
— Албатта ба мо, — гуфтам ман. — Ёди рафтагон аст, ки ба қадри зиндагӣ расида, аз гузарон будани дунё андеша меронем. Ва то метавонем, некиро пешаи худ қарор дода, аз мардумозорӣ ҳазар мекунем. Ҳарчанд инашро ҳам гуфтан лозим аст, ки дар дунё ҳар хел одамон ҳастанд. Яке мефаҳмад, дигаре намефаҳмад, ё умуман фаҳмидан намехоҳад. Мувофиқи тамизаш, дилу нияташ...
— Лекин акаи Бароталӣ ин гуна нозукиҳоро бисёр амиқ дарк мекунад, — гуфт Нурмуҳам-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё