Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Мад. — Чунки дар вуҷудаш ғайр аз истеъдоди роҳбарӣ шарафи инсонгарӣ низ бедор аст.
Бо ҳамин вай хомӯш монд. Ман то ба манзил расидан беихтиёр фикр мекардам, ки дар ин олами бӯқаламун ба ҳар ранг падид меояд табиати одамизод. Яке агар дар ғами ободӣ бошад, дигаре вайронӣ мехоҳад. Яке агар ба фитодае даст диҳад, дигаре фитодаро лагад мезанад. Зотӣ... аз рӯзи азал ҳамин тавр будааст. Дар бадали асрҳо агарчи дар ҳаёти инсон тағйироти зиёди иқтисодиву фарҳангӣ, илмиву иҷтимоӣ ба амал омадаанд, табиати фарзанди одам, хулқу хӯйи вай бисёр кам тағйир ёфтааст. Гуфтан мумкин... қариб дигар нашудааст. Бинобар ин, то ки инсонҳо ҳар чӣ бештар ба некиву некрой қарин бошанд, унсурҳои ахлоқ торафт мураккаб мегарданд.
Вобаста аз чунин андеша воқеае ба ёдам омад, ки чанд сол муқаддам дар Бойсун, дар зодгоҳи камина ва Бароталӣ Олимов рӯй дода буд.
Чӣ тавре медонем, ҳар як макон ривоят ва афсонаҳои худро дорад. Маҳалҳое ҳастанд, ки бо Хусраву Ширин, Тоҳиру Зӯҳро, Чилдухтарон, Гӯрӯғлӣ ё Паи дулдулҳо... ном баровардаанд. Бойсун ҳам аз ривояти Фарҳоду Ширинаш фахр мекунад. Зеро дар он ҳар чиз ба тимсоли худ меояд. Мо агар дар бари кӯҳи баланди Каланд аз даҳҳо километр дурӣ ба қадри дарвозаи бузурге нақши тешаи Фарҳодро мушоҳида намоем, аз он хеле ва хеле поин, дар маҳалле ба номи Бибиширин мақбараи на чандон калони Ширинро медидем, ки маълум нест дар кадом аср ба хишти шаклаш аҷиб ва хурд-хурди пухта бунёд шуда, дар канори як рӯди шӯх қарор дошт. Ёдгоре аз таърихи Бойсун буд он мақбараи зебо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё