Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
мардумро ифода намудааст... Таърихшиносон ҳоло собит кардаанд, — аллома пас аз реҳлати Шайхи Кабир, ки ба вай хусур не, балки ҳаққи устодӣ доштааст, яъне падари маънавӣ будааст, ба чӣ сабабе аз Бухоро ба ин сарзамин кӯчида, се кам шашсад сол қабл дар ҳамин ҷо аз олам чашм мепӯшад. Дар маъхазҳо аз ҳаёти Хоҷа Алоуддин бисёр кам маълумот додаанд. Кӣ медонад, шояд ҳазрати Баҳоуддин дар дами марг васият карда бошад, ки вай ба водии Ҳисор, ҳамзамон ба Чағониён рафта, одамони хоҳишмандро ҳар чӣ бештар ба тариқати нақшбандия ошно созад... Кӯҳан аст ин хокдон, асрори зиёд дорад ин олами беҳудуд.
Вақте ки ба мошин нишаста, аз Намозгоҳ бармегаштам, пас аз қадре хомӯшӣ Нурмуҳаммад боз дар хусуси Олимов гап кушода, бо як ҳисси эҳтиром ин тавр гуфт:
— Акаи Бароталӣ дар тамоми корҳо тозагиро мепарастад. Табиаташ бисёр нозук, ҳатто ба хурдтарин ноқисӣ чашмаш меафтад. Мехоҳад, ки ҳар чиз дар ҷои худаш бошад, батартиб бошад; ҳар кас ин ё он вазифаро алоқадри ҳолу тавони хеш ба ӯҳда гирад, вазифа инсонро не, балки инсон вазифаро зеб диҳад. Вай инро на танҳо мехоҳад, ҳамчунин ба як имову ишора, ба як калима, лозим ояд, ба як фармоиш ё қарор амалӣ мегардонад.
Аз даруни мошин чашмаш ба пирамарде афтида, Нурмуҳаммад даст пеши бар гузошт, бо табассум сар ҷунбонд, — салом дод. Пирамард, ки аз пиёдагард низ ӯро дида буд, роҳравон алейк гирифт.
— Ба раҳматӣ падарам кор мекард, — гуфт
андешаманд Нурмуҳаммад. Баъд пайванди ав-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё