Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Бино, андовааш аз ҳам мерезад. Бунёдаш суст мешавад, гӯё онро боди сиёҳ хӯрда, ба тадриҷ афкандан мехоҳад.

Бале, дар чунин шароит умр ба сар мебурданд ҳамон солҳо сокинони Тозаобод, ки касбу корашон пахтакорӣ буд.

Дуруст аст — давлат, азбаски қабл аз ҳама пахта мехост, гӯё беҳисоб хароҷот мекашид дар он дашти имрӯз, пас аз чил соли азхуд гардиданаш дар воқеъ обод. Аз паи хонаҳое ки заҳ гирифта, фаршҳояшон ҷо-ҷо пӯсида, ба вайронӣ оид мешуданд, қатор-қатор хонаҳои дигари истиқоматӣ ва биноҳои маданӣ-маишӣ месохтанд.
Каналу ҷӯйборҳо мекашиданд, заҳбурҳо меканданд. Паёпай карта-карта заминҳои тоза кушода, хоҷагиҳои нав ташкил медоданд. Муҳиммаш, онҳо аз техникаи кишту кор, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, ё худ нуриҳои маъданӣ
— хуллас, аз воситаҳои ба мардуми пахтакор зарур бояду шояд таъмин буданд. Пӯшида нест, ки ба ин ҳама миллионҳо сӯм харҷ мешуданд.
Ва давлат боз ва боз харҷ мекард. Зеро ба вай пахта лозим буд. Пахта, пахта, пахта...

Рости гап, чуну чароҳои мавсими ҳосилғундорӣ, махсусан васфи бебаркаши «тиллои сафед» тавассути радиову телевизион ва гуна-гуна рӯзномаҳо дар бади бисёриҳо мезад. Лекин чӣ илоҷ — замона талаб ки дорад, хоҳ-ноҳоҳ сар мефурорӣ. Насибаатро аз ҳамон қитъае мечинӣ, ки кишташ кардай, ҳосилашро ғундошта, то метавонӣ, ба иқтисоди мамлакат ҳисса мегузорӣ.

БаротАлӣ агроном буд, забони заминро омӯхта, сирри пахтакориро ҳар чи бештар кашф менамуд. Ба дурустии он чи медонист, шубҳа надошта бошад, дар амал тадбиқ мекард. Вай ҳаме-

пешина
аз 87
навбатӣ