Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ша дар сафи коргарони совхоз буд, — аз замини рӯзирасон дурӣ наҷуста, доимо заҳмат мекашид. Инчунин дар бораи зироат китобҳои то ҳол нахондаашро ёфта, мутолиа намуда, пешниҳодҳои дар онҳо омадаро ба шароити дашт муқоиса карда, мехост роҳҳои баланд бардоштани ҳосили пахтаро барои худ аниқ муайян созад. Ва то аз дасташ меояд, дар беҳбуди рӯзгори мардум саҳмгузор бошад.

Аз рӯзи ба кор омаданаш як сол нагузашта, Бароталӣ дар миёни аҳли хоҷагӣ эътибор пайдо кард, иззату обрӯ ёфт. Чунки ин ҷавони дидадаро, баодоб, саводнок, ба одамон меҳрубон, ҳамзамон ба фикру зикри худ устувор ҳалол заҳмат мекашид, ҳалол рӯз мегузаронд, чӣ будани ғирромиро намедонист. Чунин хислатҳо яқин сабаб шуданд, ки ӯро ба ҳолу ҷонаш нагузошта, дар ҳамон Тозаобод сарагроном таъин карданд.

Ба чаққонӣ ва пухтакорӣ дар маркази вилоят низ Бароталиро аллакай мешинохтанд. Ба вай ҳавас доштанд... Воқеан, ба кӣ, ба кадом роҳбари бавиҷдон хуш намеояд мутахассиси бақувват?! Ин буд, ки муддате пас ӯро аз совхози Тозаобод ба кори дигар, ба вазифаи хеле масъул гузаронданд. Вай акнун ташвиши сардори як раёсати калон — раёсати хоҷагии деҳоти ноҳияи Шерободро ба ӯҳда дошт. Аҷибаш, он вақт Бароталӣ нав ба бисту панҷ қадам мемонд. Беҳуда нагуфтаанд — ба худододагон ситеза макун, ки худододаро Худо додааст...

4

Дар фаъолияти ин марди фурӯтан, ки ҳоло на танҳо чун сарвари як ноҳияи сернуфус, бал-

пешина
аз 87
навбатӣ