Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
як муддати кӯтоҳ, албатта, обод намешуд. Забонашро ёфта, аз набзаш огоҳ гардида, сирри онро рӯз ба рӯз ва қадам ба қадам кушодан лозим буд.
Ва Бароталӣ маҳз ҳамин тавр, бо тамкину тааммул амал намуданро ягона роҳи дуруст медонист. Мабодо маъюб шавад гуфта, ба замини навкорам чун ба кӯдаки навзод муносибат мекард.
Он солҳо дар Тозаобод, минҷумла дар дигар хоҷагиҳои ноҳия низ, бо вуҷуди завқи заминкушоӣ, рӯҳи баланди мардум, ки дар натиҷаи тарғибу ташвиқ барои ҳосилнокии пахта даст медод, бо вуҷуди таъминоти иҷтимоиву аз хӯроку пӯшок танқисӣ накашидан... — дар ҳар сурат зиндагӣ душвор буд. Алалхусус ба мардуми кӯҳистон, ки муҳоҷир шуда, дар он ҷо аксарияти кулро ташкил медоданд. Заҳ, гармои тоқатфарсо, тафбоду чангбод, гандагии оби нӯшокӣ ва калобакалоба пашшаҳои заҳрзан, ки пас аз меҳнати вазнин шабҳои дароз касро тала карда, хоб рафтан намемонданд, боиси бемориҳо гардида, солҳои аввал бисёр кӯдакону пиронро ба талаф мебурданд. Онҳое ки дар оғӯши боғҳои сарсабз ба воя расида, ба обу ҳавои тозаи кӯҳистон омӯхта буданд, ҳатто ҷавон ва бақувват бошанд ҳам, ба муҳити чӯлистон бо як азоб соз мегирифтанд. На ба ҳама сарпаноҳ мерасид; кулбае созанд, онро зуд шӯра мезад. Аз даҳ ниҳол яктааш базӯр сабз мешуд.
Тасаввур кунед, ки ба шумо хонаи хиштии хубе сохта додаанд. Ба аҳли оилаатон хушу хурсанд манзил гирифтаед. Вале аз байн як сол гузаштанагузашта мебинед, ки деворҳои он хонаи дар асл мустаҳкам то нисф заҳ кашида, шӯра

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё