Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дуруст овардаанд — бе меҳнат на ин ки харобиҳо обод, балки ободиҳо низ хароб мешаванд.

Баротӣ табиатан бағайрат ки буд, ору номусро аз ҳама боло гузошта, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ба иҷрои вазифаи худ — парвариши пахта, онро солим ба воя расонда, ҳосили хуб гирифтан машғул мегардид. Ва дар ин роҳ дониши андӯхтаашро ба таҷрибаи деҳқони оддӣ, нафари пурдида ба ҳам пайваста, зуд-зуд комёбӣ медид. Аз чунин натиҷа на фақат падараш, балки худи ӯ низ меболид. Қартаҳои шукуфон ба чашмонаш нури тоза мебахшиданд. Аммо ҳеҷ гоҳ ғарра намешуд Баротӣ. Гаштаву баргашта месанҷид, андозу баркаш мекард, таҷриба мегузаронд, ки дар кадом қитъаи кишт чӣ қадар ва аз кадом нуриҳои маъданӣ истифода бурдан айни муддаост, кадом вақт об мондану мувофиқи ҳарорати ҳаво ва таъсири он сарчини ғӯза кай беҳтар аст, нарм гардондани бехи ниҳолон дар шароити дашти хокаш бешира кай ва дар кадом чуқурӣ бошад, фоида меорад...

Оё каманд масъалаҳои ҳалталаб дар хоҷагие ки дирӯз барпо шудааст? Боз дар замине ки муддати асрҳо сӯхта, дар зери боду боронҳои тунд ба заҳҳонаву шӯразорон табдил ёфта, макони хазандагон гардида буд.

Ман худам дар бачагӣ шунидаам — раҳматии падарам ҳангоме аз дашти Шеробод ба Бойсун, ба деҳаамон Пасурхи як-дурӯза барои истироҳат меомад, гап агар аз кору бораш барояд, мегуфт: вақте трактор замин ронда мегузарад, бисёр мешавад, ки ба чархаш даҳҳо мори заҳрнок печ хӯрда, аз таги хок берун меоянд. Ғафсии баъзе аз онҳо ана ҳамин банди дастам барин...

Яқин аст, ки сад зӯр занед, чунин замин дар

пешина
аз 87
навбатӣ