Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Танҳо падар, балки муносибат бо тобеон, тарзу усули одамонро ба кирдори дуруст равона карда тавонистан, тариқи расидан ба қадри аҳли заҳмат низ раҳнамун буданд. Яъне аз рӯзҳои аввали фаъолият Бароталӣ дарк менамуд, ки ҳаёт бузургтарин устод аст дар ҷодаи камолоти инсон.

Инак алоқадри ҳол ободанд хоҷагиҳои дашти Шеробод, дар ҳосил ҳам бад нестанд. Лекин он солҳо пахта корида, хирмани хуб оростан як амри муҳол буд. Агарчи давлат ба заминҳои навкорам аҳамияти махсус дода, аз ҳар ҷиҳат ёрӣ ҳам мерасонд, кам воқеъ мегардид, ки ҳосили дилхоҳ ба даст ояд. Чунки хок ҳама пурзаҳу шӯраолуд буда, қабати болояшро тафбодҳо мелесиданд. Азоби обдориро намегӯед — ба ҷои суд овардан замини напухтаи бешираро аз чор тарафаш шуста, зуд вайрон мекард. Аз ин рӯ ба вай ҳар қадар озуқа диҳанд ҳам, ниҳолон дуруст намесабзиданд, ҳатто қарта-қарта пажмурда мешуданд.

Ғайр аз ин боди афғону хокборон низ, ки он вақтҳо аз ҳад зиёд рӯй медоданд, ба зироат зарари сахт мерасонданд. Замин бисёр шӯр буд. Илоҷи ниҳол шинондан, боғ сабз кардан қариб пайдо намешуд — рафту шионед, имрӯз набошад, фардо ҳатман мехушкид. Гаштаву баргашта шионед ҳам, аҳвол чунин буд.

Эҳа, то ба ҳосили хуб расидан дар як худи хоҷагии Тозаобод чӣ қадар заҳбурҳое ки канда шуданд, чӣ қадар нуриҳои маъданӣ, ки сарф гардиданд, чӣ қадар одамоне ки орому қарорро надониста, хуни ҷигар хӯрданд, ба хизмат — тӯҳмат гуфтагӣ барин аз дасти баъзе болонишинон ҷазо ҳам гирифтанд...

пешина
аз 87
навбатӣ