Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фаъолияташ дар Зарчашма вай боз як хизмати бузург карда буд, ки ман ҳаргиз наметавонам аз ёд барам. Бо вуҷуди зиёда чандалаи забардастон садду сипар шуда, ба халқ фаҳмонда, нагузошт ноҳия ба ду — Зарчашма ва Пахтакор — тақсим гардад. Ҳар гуна тақсимот, чи марзиву чи молӣ, чи қавмиву чи ҷонӣ... оқибати хуб надорад, — мегуфт ӯ. Баъд чӣ шуд? Пас аз он ки Бароталӣ аз Зарчашма рафт — дар вилоят ба кори дигар гузашт, — ниҳоят ҳамон одамон тавонистанд ноҳияро ду қисмат кунанд. Акнун худатон ёбеду гиред... Аслан ҳазён аст нақши шахсиятро рад намудан. Мо мехоҳем ё не, шахсият дар ҳама ҳолатҳо шахсият мемонад. Олимовро ман ба сифати як инсони нуктасанҷ, пешбин ва қавиирода мешиносам. Ва хушбахтам, ки то имрӯз ба вай муносибати самими дошта, эҳтиромашро бародарвор, бе ягон ғилу ғаш ба ҷо меорам.

— Кошкӣ ҳама мисли шумо мебуданд, — гуфтам ман, аз сӯҳбати Нусрат Мардонов мутаассир шуда.

— Худо хоҳад, то кай дар Деҳнавед? — пурсид ӯ, ҳангоме ки аз он чойхонаи дилнишин баромада, хайрухуш мекардем.

— Ягон ҳафтаи дигар истоданиам. Боз кӣ медонад...

— Вақт ёфта, ба тарафҳои мо ҳам биёед. Чандин сол инҷониб ӯру рафиқем. Дур не, сӣ километр... Ҳатман биёед, ки дар ноҳияи мо кӯҳу камарҳои тамошобоб бисёранд.

— Медонам, — гуфтам ман дар ҷавоб.

— Пас биёед, ҳамин ҳозир барин шод мешавам. Дидор ғанимат, а!

— Албатта, кӯшиш мекунам. Сӯҳбати шумо худаш як давлат.

пешина
аз 87
навбатӣ