Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Баръакс... Не-е, росту каҷ ҳеҷ гоҳ ба ҳам мутобиқ намегарданд, неку бад ҳеҷ гоҳ дар як дег намеҷӯшанд. Аз ин рӯ Бароталӣ Олимов, ки марди покиза, боназокат ва ҳақгӯй буд, бо вуҷуди ҷавонӣ шахсияти шоиста низ буд, метавонист сафедро аз сиёҳ зуд тафриқа кунад, ба ҳар кас мувофиқи дилу нияти ӯ дар муносибат бошад. Бояд гуфт, ки он солҳо дар Зарчашма одамони забардаст кам набуданд. Яке қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, дигаре вакили Шӯрои Олӣ, сеюмӣ ба ҳафт пушташ бою бадавлат, чорумӣ бо дӯстони дар пойтахт соҳибмансабаш дар фароғат, панҷумӣ раиси ин ё он колхози овозадор... Хулоса, одамоне ки агар хоҳанд, ҳар каси обрӯмандро метавонистанд беобрӯ кунанд, хору залил гардонанд. Ҳатто ман худам аз ҷабри ин қабил ашхос ранҷҳо бурдаам. Табиист, ки иддае аз онҳо аз ҳалолкориву ҳалолхӯрӣ, аз серталабиву дар роҳу равиши хеш устувор буданҳои Олимов ба ҳарос омада, безобита шуда, мехостанд ба таки пои ӯ арзан резанд, ӯро лағжонанд, афтонанд. Вале натавонистанд. Зеро рақиб ҳар қадар зӯр бошад ҳам, гузаштагонамон рост гуфтаанд, ки ростиро завол нест. Қисса кӯтоҳ, аз минбаъди худ осуда буд Бароталӣ Олимов, дар байни мардум сарбаланд мегашт, вазифаашро вобаста ба ғами халқ ва аз рӯи сидқу садоқат иҷро мекард. Бо табассуми нарму маънидор мегуфт, ки кас дар ҳаёташ ҳар чӣ ёбад, якҷоя ба халқ меёбад; одами танҳо ҳеҷ аст дар зиндагӣ.
Нусрат-ака лаҳзае ба хаёл рафта, сипас ба суханҳое ки дар боло ба миён гузошт, чунин хотима бахшид:
— Хулоса, марди дурбин аст Олимов, баақл аст, рӯҳшинос аст. Мезебад ба сарварӣ. Солҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё