Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Имкон ба дили мардум роҳ ёбад; онҳоро муттаҳид карда, то ҳар кадоме вазифаи худро сидқан адо намояд, ба имрӯзу фардои ҷамъият эътимод дошта бошад, — мекӯшид ба қадрашон расад, эҳтиромашонро ба ҷо орад. Чӣ деҳқони хокпош, чӣ соҳибмансаб — ҳамаро ба як чашм медид. Ба ҳар кас аз рӯи заҳмат ва ақлу заковаташ баҳо медод, на аз бурҷи давлату дороӣ ва пулу молаш. Бинобар ин одамон ба вай қаробат меҷустанд, меҳр мемонданд. Ва Олимов чунин қаробату меҳри самимиро аз таҳти дил қабул медошт. Хислати дуюми ӯ — ин кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди пайваста дар ҷодаи баробар тараққӣ кардани иқтисод ва маданият буд. Ҳар ду бояд ба якдигар муттако бошанд, — мегуфт Бароталӣ Олимов. — Иқтисод ҳар қадар пеш равад ҳам, халқ агар аз маданият қафо монад, суде ба даст намеояд. Ягон мулк обод намешавад бе густариши фарҳанг, бе тавсияи маориф ва тандурустии мардум. Ягон кишвар ояндаи хуб надорад бе тарбияи солими насли наврас... Ҳамин тавр мегуфт зуд-зуд Олимов ва то метавонист, гуфтаҳояшро дар амал татбиқ менамуд. Дар айни замон вай интизом ва дар ҳар гуна вазъият сарҷамъ будани одамонро рукни асосӣ медонист дар пешрафти чӣ иқтисодӣ, чӣ фарҳангӣ ва чӣ иҷтимоӣ.
Нусрат Мардонов қадре сукут варзида, баъде ки як-ду қулт чой нӯшид, андешаи худро идома дод:
— Кас дар зиндагӣ, албатта, ба ҳама хуш намеояд. Умуман одаме ки ба кулли мардум мақбул аст, ба фикрам, чандон одами хуб нест. Чӣ хел мешудааст, ки, масалан, як инсони некрою некбин ба як фарди бадрою бадбин хуш ояд. Ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё