Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа
Рушди иқтисоду маданият, маорифу тандурустии он низ сухан ба миён неомад. Ва албатта, роҳбарашро ҳам беихтиёр ба забон меовардем.
Албатта, Нусрат-ака дар зодгоҳаш, дар ноҳияи Зарчашма як муддат дар зери дасти Бароталӣ Олимов адои вазифа мекард, ман дар омади гап аз ӯ пурсидам:
— Аз солҳое ки Олимов дар Зарчашма шахси аввал буд, чӣ хотираҳо доред? Дар ҳалли дурусти ин ё он масъала оё ҷавониаш халал намерасонд? Умуман мардуми ноҳия аз вай розӣ буданд?
— Розӣ ҳам гап! — бо табассуми фароҳ даст ба тоқиаш бурд Нусрат Мардонов. — То ҳол сифат мекунанд.
— Яъне кораш нағз мерафт, нахуст дар ғами халқ буд. Ҳамин тавр?
— Бале, ҳеҷ ҷои шубҳа нест ба ин.
Нусрат Мардонов пас аз каме риштаи сӯҳбатро худаш ба он даврае кашид, ки Бароталӣ Олимов котиби аввали ҳизб буд дар зодгоҳи ӯ. Аз таҳти дил ва бисёр самими сухан меронд. Ва ман фикр мекардам — яқин хуш меояд ба вай он солҳоро ёдовар шудан.
— Дар ибтидо мардуми мо ҳайрон буданд, ки
чӣ тавр як ҷавони сивудусоларо ба ин гуна мансаби баланд сазовор донистаанд, — гоҳо хандида, мегуфт ба ман Нусрат-ака дар чойхона. —
Лекин аз байн як-ду моҳ гузаштан пас фаҳмиданд — бо вуҷуди ҷавониаш чашмикордон, ба
гапаш устувор, некназар, умуман инсони батамкину дидадаро будааст Бароталӣ Олимов. Ба одамон, аз ҷумла ба худи ман ҳам, дар сифати сарвар ду хислати асосии вай бисёр хуш меомаданд. Аввало ин ки, Олимов мекӯшид ҳатто

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё