Зеҳн
Зимистони умр (Саттор Турсун)

Ин китоб асари насрии нависандаи тоҷик буда, қиссаву эссеҳо ва хотираҳои муаллифро дар бар мегирад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, ҳаётӣ ва хотироти шахсии муаллиф бо санъати баланд инъикос ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 87 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Алваъда ва ад-дайн, гуфтаанд. Ку бинем...
Нусрат-ака Мардонов дасти маро гарм фишурд ва аз паҳлуи ронанда, ки аллакай маторро даргиронда буд, хушҳол ба мошинаш нишаст.

3

Бароталӣ соли чилум дар кӯҳистони Бойсун, дар Шаҳидон ном мавзеи ҳамсоя ба деҳаи сернуфуси Пасурхӣ, ки банда дар он ҷо таваллуд ёфтаам, дар оилаи Олим-паҳлавони узбек – як марди аслан хокпош, ба дӯстон ҷонфидо, ба душманон беамон ва аз ин рӯ дар байни мардум баэътибор... аз модари тоҷик ба дунё меояд. Мактаби миёнаро дар муҳити ҳамон дунёи зебо ба итмом расонда, дар синни ҳабдах роҳи Самарқандром пеш мегирад. Ва дар донишгоҳи кишоварзии он шаҳри бостонӣ нағз имтиҳон супурда, ба омӯхтани касби агрономӣ машғул мешавад.

Акнун ҳаёти ин ҷавони сиёҳҷурдаи ҳушёр, чашмонаш тез, худаш ситорагарм дар бадали панҷ сол, ғайр аз таътил, ки агарчи кам набуд, аз дидори падару модар ва аз ҳусни зодгоҳи азимаш сер намешуд, дар шаҳри ҳам қадим, ҳам азим мегузашт. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки ё кӯҳи баланд, ё шаҳри азим. Яъне агар бамаҳсул зистан мехоҳӣ, ё дар синаи кӯҳсорони босалобат умр ба сар бар, ё дар паноҳи шаҳрҳои бузург...

Аз ин ҷиҳат тақдир ба Бароталӣ меҳрубон буд. Вай, фарзанди кӯҳҳои баланд, дар шаҳри азим зиндагӣ карда, дар баробари аз устодон дарс гирифтан, ҳамвора илм омӯхта, сол то сол аз сирру асрори зироат бештару беҳтар огоҳ гаржидан... бо таърихи Самарқанд, ёдгориҳои пур-

пешина
аз 87
навбатӣ