Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Таъинаш ҳамин ки, Баҳодурҷон, аз худаш эҳтиёт бошад. Тани сиҳат ба сари фарзандонаш баргардад. Мани мушти пар боз чӣ мегуфтам... — ногоҳ ба чашмонаш ашк давида, нӯки рӯймолашро ба даст мегирад ӯ.

— Зиқ нашавед, оча. Баръакс — хурсандӣ кунед, ки чунин писари ғамхору баандеша доред.

— Кай меравӣ?

— Душанбе?

— Пеши Хуросон...

— Худо хоҳад, даҳ-понздаҳ рӯз пас.

— Нағз, писарҷон. Қадри якдигарро донед, ба ҳам меҳрубон бошед...

Суҳайло, ки низ чашмонаш ин дам ба милли дидаи Бибирухсора нам буданд, нохост аз ҷой хеста:

— Ман ҳоло меоям, — гӯён, гурбаи зарди фарбеҳ аз нав дунболагир, ба сӯи хонааш меравад.

Мо боз қариб ним соат нишаста, аз ҳар дар кам-кам сӯҳбат мекунем. Дар ин байн аз дур, аз фазои анбӯҳи дарахтони ба ман муқобил, дар гирдаш як доираи бузурги шир барин сафед, маҳтоб баромада, фурӯғи ситораҳо дар сатҳи осмон хиратар мешавад. Гӯё онҳо қадре шарм дошта, ба рӯи нурафшони худ ноаён пардаи ҳарир мекашанд. Вале саҳни ҳавлӣ беш аз пеш равшан мегардад. Мурғони катак эҳтимол ба хоб рафтаанд, ки дигар овоз намедиҳанд. Оромии атрофро фақат гоҳ-гоҳ танбалона бинӣ афшондани чорпоён халалдор мекунад. Аҷаб, ки ин дам ҳатто сагони деҳа ҷак намезананд.

Ниҳоят, ба дастархон фотиҳа мехонем. Ва ман иҷозат пурсида, аз кати зери чормағз фуромадан мехоҳам. Саъдӣ пойафзорамро чаққон пеш

пешина
аз 67
навбатӣ