Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Меҳмон агар наранҷад, рафтан шарт, — гӯё худ ба худ мулоҳиза меронад Бибирухсора.
— Фотиҳа лозим? — чун одами бехабар аз решаи гап, ночор мепурсам ман. — Кӣ вафот кардааст?

— Як инсони мӯътабар, зоташ азизу авлиё, — мегӯяд Суҳайло.

— Аз ҳамин деҳаи худатон?
— Не, писарҷон, аз деҳаи дигар, — мулоим ба рӯям менигарад модари Хуросон. — Аз ин ҷо хале дур. Ту агар хафа нашавӣ, мо саҳар рафта меоем. Ҳар чӣ хоҳӣ, Саъдӣ, ана, дар пешат, ба ҷон хизмат мекунад.

— Бемалол, оча, — андак даступо мехӯрам ман. — Фотиҳа як амри савоб. Сониян...
— Чӣ, сониян? — гӯшу ҳуш мегардад вай.
— Ҳоло баргаштаниам.
— Ҳамин ҳозир?
— Мумкин не? — механдам ман.
— Чаро мумкин набошад? — мегӯяд ба тамкин Бибирухсора. — Омадан, албатта, рафтан дорад.
Аммо дар ин шабӣ... — мутаҳайир абру барҳам мекашад ӯ.

— Аз рӯзона дида роҳ бехавфтар, мошин кам.
Боз ҳавои салқин...

— Охир, як муддати дигар истода, дурусттар дам бигирӣ, намешавад?

— Нағз дам гирифтам, оча, ҳамааш олӣ буд.
Аз меҳрубониҳои шумо сарам ба осмон дакка мехӯрд.

— Гуфтам-ку: ту акнун дар қатори писарам...
— Ташаккур, — мамнун табассум мекунам ман. — Ба Хуросон чӣ расонам?

— Салому паём, албатта.
— Дигар гапи таъин надоред?

пешина
аз 67
навбатӣ