Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа
мегузорад. Сипас худро саҳле қафо кашида, даст болои сина, аз рӯи эҳтиром интизор меистад. Чашмони олувори сиёҳаш зиндаанд, бамуҳаббатанд... Модари Хуросон низ поин мешавад ва ба синҳораш чизе гуфта, ҳамроҳи ӯ ба яке аз хонаҳо медарояд. Ман назди мошин рафта, Саъдӣ дар паҳлӯям, онро аз дарвоза мебарорам. Ва ба мушоядаи вай дарҳол қафо мегардам.
Баъд аз фурсате Бибирухсора, дар бағал як бастаи калон, аз хона берун шуда, шитобон ба саҳни ҳавлӣ қадам мемонад. Писарчаи калонаш аз бар — хурдӣ шояд хоб аст, — ҳамсари Хуросон низ меояд.
— Инро бигир, ният карда будам, — мегӯяд модари дӯстам, бастаи овардаашро беозор ба дасти ман қапонда.
— Мегирам, оча, — ҳамоно мутаассир онро мебӯсам. — Ҳар чӣ бошад, ба ҷону дил мегирам. Табаррук, охир...
— Чизи кироӣ не, Баҳодурҷон. Ками моро зиёда бидон.
— Модом ки шуморо модар хондаам, ҳатто гарди поятон бароям зар аст.
— Умрат дароз бошад, писарам! Ҷомаро худат мепӯшӣ. Дигараш раҳовард барин...
— Ҳазор раҳмат, оча, садсола шавед! Ин қадар иззату эҳтиром аз ман барнагардад, аз Хуросон бармегардад.
— Илоҳӣ омин! — меболад вай. Пас рӯ ба моҳи мунир оварда, аз Худои карим ба ман сафари бехатар металабад.
Ҳамин лаҳза Суҳайло низ саросема ҳозир мегардад. Дар даст... даҳонаш маҳкам, банкаи калон дорад.
— Шаҳтут, — мегӯяд ӯ ҳандон. — Ба модарат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё