Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Хуросон хеле ҷустуҷӯ кард. Аммо наёфт. На аз қабристон, на аз гирду атрофи деҳа, қисса кӯтоҳ, аз ҳеҷ макон ёфт нашуд бадбахт. На аз мурданаш хабар буд, на аз зинда гаштанаш. Баъди ин воқеа мо шаш-ҳафт соли дигар саг надоштем. Ахир рӯзамон ба ҳамин хаппак монд. Номашро бинанд... — боз механдад ӯ. — Шамшер, а! Аз корди кунд бадтар.

— Хуросон оварда буд?

— Ҳа-а, вай ҳам инро ба айни падараш як бегоҳ аз манзили чӯпонҳо овард. Нав чашм мекушод ҷонвар.

— Худаш калон кард?

— Куҷо! — ҳоло чеҳрааш равшан, хушнуд мегӯяд модари Хуросон. — Бечора ҷӯраат аксар вақташро ба ташвиши зиндагӣ мегузаронд. Аз орзуи хондан дигар дам назадӣ, имрӯз дар ҳавлӣ ҷунбад, пагоҳаш дар замини давлат каланд мезад, ё аз паи хасу каҳ адир ба адир мегашт. Шамшери ӯро ба шири гову мағзи нони мулоим, баъзан ба ордоба мани меҳнатрӯзӣ калон кардам. Кучукбачаи ҳушёр буд, шояд аз фарти беақлӣ нотарс ҳам буд. Вақте ки Хуросон хонадор шуда, ду-се моҳ пас Русия рафт, вай аллакай рӯи ҳавлиро пур карда, оромидан чист, — намедонист. Аз чор тараф хабар гирифта, кунҷу каноре набуд, ки сар назанад, шарфае набуд, ки беэътибор монад. Ҳоло ана... як махлуқи безозор. Фукаш кашол, дасти маҷақаш кашол, ё аз саҳар то бегоҳ ё ҳел-ҳел мегардад, ё дар ягон гӯша бефарқ ба хоби гарон меравад. Раҳмам меояд, ки як саги ҷавони бисёр далер банохост ин хел дилшикаста шуд.

— Эҳтиёт накардаед гуфта, Хуросон, албатта, ранҷидагист.

пешина
аз 67
навбатӣ