Зеҳн
Ҳасрат

Китоб аз асари нависандаи маъруфи тоҷик Саттор Турсун иборат аст. Дар он воқеаҳои марбут ба зиндагӣ ва тақдири инсонҳо тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 67 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ранҷидан ҳам гап? Ду сол қабл аввалин бор омада, даме ки Шамшерашро дар чунин аҳвол дид, моро ба истинтоқ гирифта, ҳай таъна зад, ҳай ҷигот андохт. Қариб буд ба ҳамсоя дарафтад. Сагаш умре занҷирбанд бошад, гуноҳи вай чӣ? Ҳеҷ... Порсол, хайр, дар ин хусус гап накушод бародархондат. Аммо ба Шамшер нигариста, гоҳо ранги рӯяш тағйир меёфт, абрувонаш гиреҳ мебастанд. Хаёлам, ки вай то ҳол дар як кунҷи дилаш аз мо хафа. Ҳарчанд чиянаш Саъдӣ - ана, дар наздат нишастааст - тавалло кард, ки аз ин ҷонвар халос шавем, тағо, ё истад ҳам, кучукбачаи дигар гирем, ҷӯраат бадтар ранҷид. Ҳатто ба ғазаб омад. Даст афшонда, ба иллат гуфт, ки айбу шармро намедонистай ту. Наход одам як махлуқи безабонро фақат барои он ки акнун ношоям аст, бадар андозад, ё ранги кӯрмор чашм пӯшида, бехабар аз раҳму шафқат, нобуд созад! Гуфт, ки гап тамом, дигар ғингатро нашунавам. Як сол аст, ё сад сол... то рӯзаш буд нашавад, мегардад Шамшер дар ҳамин хонадон.

  • Офаринаш бод! Гуфтам-ку: инсон аст Хуросон, мард аст.

  • Худо умрашро диҳад! Аз ақлу тамиз камӣ набинад...

  • Ба вай худаш ном монда буд?

  • Ҳа-а, рӯзи оварданаш... Агар не, кадоме аз мо медонистем, ки шамшер маънии таҳтонӣ ҳам дорад?!

Гирду атроф тадриҷан ба ҷодари тираи шабонгаҳ печида, дар айвон ва дар зершоҳи ягона чормағзи ҳавлӣ чароғҳои барқӣ дармегиранд.

пешина
аз 67
навбатӣ